ДУРАХШИ СИТОРАИ МИЛЛАТ

120292136_209023597230233_730147417094798164_n

Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Анҷумани XIV ҲХДТ санаи 3-юми сентябри соли равон якдилона пешбарӣ гардиданд. Ин падидаи муҳими сиёсии сол садои дил ва ифодаи иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон буд.

Дар воқеъ номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарғибу дастгирӣ эҳтиёҷ надоранд. Кору пайкорӣ созандаашон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, таҳиягари пояҳои ҳуқуқи ин миллат, эҳёкунандаи арзишҳои фарҳангиву динӣ, посдори номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо ҳарфҳои заррин ба саҳнаи таърихи муосири тоҷикон абадулдаҳр сабт гардид.

Ин ном дар се даҳсолаи охир саросари дунёи мутамаддин ба ҳайси чеҳраи варзидаи сиёсӣ эътирофу маҳбубияти хоса пайдо кард.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳу ваҳдат ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як мактаби нодири сулҳофарӣ ва ҳалли низоҳо эътироф карда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дод.

Дар нахустин суханронии хеш дар маснади Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешвои ормонҳои миллӣ Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод ба хиради азалии мардум савганд ёд карданд. Савганди садоқат ба ватану миллат, савганд ба дирӯзу имрӯз ва фардои Тоҷикистон, ки заврақи пурбору гарони миллатро ба соҳили мурод хоҳанд расонид.

Эътиборан аз ҳамон рӯз тоҷикон новобаста ба ҳама дарду ормонҳои ҳазорсолаашон дар фарозу нишебиҳои таърих барои расидан ба саодат дар симои роҳбари нав, ҳомӣ, соҳиб ва пуштибони хешро дарёфтанд.

Пешвои миллат мардуми Тоҷикистонро ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати навин ҳидоят карда тавонистанд. Ғояҳои авфу ҳамдигарбахшӣ, оштии миллӣ паёмҳое буданд, ки аввалин бор аз забони Эмомалӣ Раҳмон садо доданд. Ояндасози миллати тоҷик бо нияти ваҳдат ва субот андеша меронданд, ҳарф мегуфтанд ва амал мекарданд. Аз худию бегона, аз рӯҳи гузаштагони зиндадил ва Худои муттаъол талаби тинҷиву оромии кишварро менамуданд. Рӯз ба рӯз мактаби бузури ватандориву ватандӯстии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон такмилу ташаккул меёфт.

Бо ташаббус ва пешниҳоди Пешвои ормонҳои миллӣ низоми нави давлатдорӣ, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пеш гирифта шуд. Ин роҳ дар дуроҳаи таърих ягона роҳи наҷоти миллат буд.

Низоми демокративу дунявӣ умеди ҳизбу ҳаракатҳое, ки низоми диниро талқин мекарданд ва он боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, барбод дод.

Масъалаи муҳим барои расидан ба сулҳу ваҳдат, муаррифии халқи тоҷик ва давлати миллии он дар арсаи олам буд. Муаррифи барои миллате, ки ҳазор сол дар сояи бедавлатӣ умр ба сар бурд, таҷрибаи идоракунии мустақилро доро нест, ба ҷасорату матонати шахсият ниёз дошт.

Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дилсӯз аз паи муҳаққиқи шинохта ва қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров бо баробари бунёди давлат, ба эъмори решаҳои таърихи миллат камар баста, истиқлолияти миллиро аз нигоҳи таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар назди ҷаҳониён муаррифӣ ва дифо карданд.

Бо гузашти муҳлати начандон тӯлонӣ бо ҷашнгирии 3000 солагии тамаддуни ориёӣ, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии Кӯлоб, 1100 солагии давлати Сомониён ва ҷашнвораи байналмиллалии Имоми Аъзам халқи тоҷик ба эҳсоси решаҳои таърихии миллат ноил гашт.

Расидан ба сулҳу ваҳдат, нигоҳ доштани соҳибистиқлолӣ, бунёди давлати миллӣ вазифаҳои басо душвору сангинро пеш гузошт. Аз ҷумла, барқарорсозии иқтисодиёти фалаҷгардида, бунёди шакли идораи давлатӣ, сохтани низоми иқтисодӣ, таъмини амнияти тамомияти ҳудуди кишвар.

Маҳз афкору андеша ва руҳияи ваҳдатсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард. Тоҷикистон, ки аз 3 воҳиди аз ҳам ҷудо иборат буд, тавассути бунёди роҳҳо ба як воҳиди том табдил ёфт. Роҳи мошингарди Кулоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, Душанбе-Қурғонтеппа, Душанбе-Чаноқ, нақбҳои Истиқлол дар ағбаи Анзоб, Шар-шар, Хатлон ва Шаҳристон бо тарҳи замонавӣ ба истифода дода шуданд. Шабакаҳои барқии кишвар таъсис ёфта, хати баландшиддати 500 кВа-и интиқоли барқии Ҷанубу Шимол бунёд гардид.

Мафкураи миллӣ ҳамчун мафкураи давлатӣ тавонист пеши роҳи нобасомониҳо, бахусус, ҳокимиятхоҳии ниҳодҳои сиёсии диниро гирад. Идеологияи ягонаи миллӣ, муттаҳидӣ ва ягонагӣ, ғояи ваҳдати миллӣ, барномаҳои стратегии миллӣ ва рушди минтақаҳо, шаҳру навоҳӣ рӯи кор омада ба сулҳу ваҳдат заминагузорӣ карданд.

Барномаи қавлу амал

Маҳз тавассути Барномаҳои пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентӣ дар интихоботҳои солҳои 1994, 2006, 2013 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ҳама захираву имкониятҳо ба татбиқи 4 ҳадафи стратегии миллӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар сафарбар гардида, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд.

Барномаҳои пешазинтихоботии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаҳои қавлу амал буда, ҳамаи пешгӯиҳову нақшаҳои тарҳрезишуда бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон ба иҷро расиданд.

Дар Барномаҳои пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи пешин ҳифзи давлатдории миллӣ, сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ, таъмини рушди устувории кишвар ва зиндагии шоиста ба мардум дар мадди аввал қарор гирифта буданд.

Бо татбиқи барномаҳо суботу амният ва ваҳдати миллӣ таҳкиму густариш ёфт.

Дар 7 соли охир рушди иқтисодиёт ба ҳисоби миёна ҳар сол дар сатҳи ҳафт дарсад таъмин шуданд. Зиёда аз 1200 корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола 150 ҳазор ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50% кам гардид.

Сатҳи камбизоатӣ аз 38,3%-и соли 2013 то 26,3% дар соли 2020 паст гардида, сохтори истеъмолии аҳолӣ тағйир ёфт.

Дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.

Даромади буҷети давлатӣ аз 12 миллиард сомонии соли 2013 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020, яъне 2 баробар афзоиш ёфт. Дар ин давра беш аз 83 миллиард сомонӣ сармоя барои рушди кишвар ҷалб гардид. Барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 24 миллиард сомонӣ, аз ҷумла, дар соҳаи энергетика 11 миллиард сомонӣ нақлиёт 7,3 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ 1,3 миллиард сомонӣ, бахши иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок беш аз 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Аз интихоботи пешин то ба имрӯз беш аз 1500 км роҳҳои мошингард, 190 купрук ва 50 км роҳи оҳан бунёду навсозӣ гардида, истиқлолияти коммуникатсионии кишвар таъмин гардид.

Дар ин давра истеҳсоли барқ ба 21 миллиард кВ соат расида, 2 чархаи аввали НБО Роғун мавриди истифода қарор гирифта, нури раҳмонӣ кишварро пурра мунаввар кард. Маҳдудияти қувваи барқ бартараф гардид, кишвар аз мушкилоти бебарқӣ дар фасли зимистон раҳо ёфт.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Пешвои миллат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3 баробар зиёд гардида, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфт.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор га заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ 135 ҳазор га аз ҷумла, аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор га зиёд шуд.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 24 ҳазор иншоотҳои иҷтимоию истеҳсолӣ ва сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шуда, таҷдид ва бунёди инфрасохтори маҳал таъмин гардид.

Дар соҳаи маориф дар ин давра 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кудакон, 1444 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шуданд. Таъмири асосии 439 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом расида, 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуд. Занону ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фаро гирифта шуданд.

Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун як кишвари амну осуда эътироф намуданд. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ пазируфта шуда, Тоҷикистон вобаста ба масъалаи об, муҳити зист ва амнияти гуманитарӣ мақом ва мартабаи хоса пайдо кард.

10 солаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018-2028) намунаи барҷастаи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад. Барномаи ҳафтсолаи Президенти кишвар тавассути паёмҳои ҳарсола такмилу густариш ёфта, пурра ба иҷро расиданд ва Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, саҳифаи дурахшоне дар таърихи давлатдории муосир боз намуд.

Дар 28 соли давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, номзади арзандаи ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як давлати ободу озод, воқеан, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд табдил ёфт.

Ояндаро бо ҳам месозем

Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба интихоботи пешорӯ дар доираи дигаргуниҳои солҳои охир дар ҷаҳони муосир ва кишвар бо назардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳал ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди нерӯи инсонӣ нигаронида шудааст. Мақсади асосии барнома таҳкими фарогирии ҳамаи самту соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Барномаи пешазинтихоботӣ заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, мукаммалу ҳамаҷониба тарҳрезӣ шудааст. Бартарии он аз Барномаҳои номзадҳои ҳизбҳои сиёсии дигар дар фарогири ҳамаи ҷабҳаҳо ва воқеиву амалишаванда будани он аст.

Дар ҳафт соли оянда тибқи барномаи амал рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар доираи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд мегарданд.

Истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шуда, иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт пурра сафарбар мешаванд. Дар заминаи татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба 3 вазифаи асосӣ афзалият дода мешавад:

-ноил шудан ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои сатҳи даромадашон миёна;

-таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;

-таҳкими сатҳу сифати зиндагии табақаи аҳолии миёнаи кишвар;

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба ҳар сари аҳолӣ дар ҳафт соли оянда 2 баробар афзоиш меёбад.

Ҳамасола ҷои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, давлат барои ҳалли саривақтии масъъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш меёбад.

Дар ҳафт соли минбаъда сохтмони НБО Роғун идома ёфта, НБО “Себзор”, хати интиқоли барқи байналмиллалии Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ “CASA 1000” баистифода супорида мешавад.

НБО –ҳои “Норак”, “Қайроқум”, “Сарбанд” таҷдид карда мешаванд.

Сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ идома меёбанд. Сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Бохтар, Бохтар – Данғара, Данғара – Гулистон, Кӯлоб – Муминобод, Хуҷанд – Конибодом, Восеъ – Темурмалик – Кангурт, Гулистон – Кӯлоб, Кӯлоб – Шамсидин Шоҳин, Балҷувон — Сари Хосор, Шкев – Қалъаихумб, Қалъаихумб-Ванҷ, Қитъаи Обигарм – Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ, Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ, Хуҷанд – Ашт ва дигар роҳҳои дохилӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Дастрасии аҳолии кишвар ба маҳсулоти озуқаворӣ хусусан ғизои хушсифат ба меъёрҳои тавсияшуда мутобиқ гардонида шуда, дар назар аст, ки вобастагии иқтисодиёти кишвар аз воридоти молҳои озуқаворӣ коҳиш дода мешавад.

Рушди саноати сабук бо роҳи ворид намудани хатҳои технологии нав ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир тавсеа бахшида мешавад. Дар ин муддат ҳиссаи коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ аз 20% то ба 50% афзоиш дода мешавад.

Дар соҳаи тухмипарварӣ, зотпарварӣ, биотехнология, коркарди навъҳои нави зироатҳои серҳосил ва ба шароити иқлими маҳал мувофиқ аз дастовардҳои илму техника самаранок истифода хоҳад шуд.

Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба саноатӣ — аграрӣ зина ба зина табдил дода мешавад.

Дар маркази таваҷҷуҳи Барнома ба масъалаи илму маориф ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътибори хоса зоҳир шудааст. Давра ба давра маоши кормандон баланд бардошта шуда, пояҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, бахусус, таъминот бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мустаҳкам карда мешавад. Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи “Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040” амалӣ карда мешавад.

Минбаъд нерӯи корӣ ҳарчӣ бештар дар дохили кишвар истифода мегардад ва муҳоҷират коҳиш дода хоҳад шуд.

Дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шуғл тадбирҳои ҷиддӣ андешида барои боз ҳам беҳтар гардонидани солимии ҷомеа ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалияти бештар дода мешаванд.

Тадбирҳои зикршуда дар барнома имконият фароҳам меоранд, ки минбаъд дар Тоҷикистон модели нави иқтисодӣ амалӣ гардад ва ҳадафҳои стратегии кишвар тадриҷан тадбиқ шуда, вазъи соҳаи иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир ёбад. Сатҳи зиндагӣ ва дарозумрии аҳолӣ боло рафта фавти модару кӯдак паст мегардад.

Дар барнома такмили қонунгузорӣ мавқеи махсус дошта, дар ин самт таҳия ва қабули қонунҳои сифатан нави ҷавобгӯ ба манфиати ҷомеа ва шахс, дастрасии шаҳрвандон ба тамоми қонунҳо бо истифодаи воситаҳои замонавии иттилоотӣ муҳим шуморида шудаст. Таҳия ва қабул намудани “Стратегияи рушди низоми ҳуқуқии кишвар барои давраи то соли 2030” ба нақша гирифта шудааст.

Маърифату фарҳанги миллӣ рушд мекунад, эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси гузаштагон ва забони давлатӣ афзуда, ҳисси ватандӯстӣ ифтихор аз арзишҳои миллӣ тақвият меёбанд.

Сиёсати дарҳои кушод идома ёфта, Тоҷикистон ба ҳамаи давлатҳо дар асоси дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ муносибаташро ба роҳ мемонад.

Кору пайкор ва ташаббусҳои бемайлони Пешвои муаззами миллат, номзади арзандаву писандидаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алорағми ҳангомаҳои беасосу бемантиқи сомонаҳои ифротии “Ислоҳ ТВ”, “Паймони Миллии Тоҷикистон”, “Гурӯҳи 24”, “Паём ТВ”ва ғайра бори дигар аз дурахши ситораи миллат, мавқеи созандагиву бунёдкорӣ, давлатдорӣ ва сиёсатмадори варзидаи ҷаҳонӣ будани Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд. Мулоқотҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои ҷаҳон мавқеи устувори сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба аҳли олам муаррифӣ карда, пули бузурги ташаккули пайванди дӯстиву рафоқат ва ҳамкориву ҳамзистии осоиштаи Аврупо ва Тоҷикистонро ба миён овард.

Нерӯи тавонои сиёсии кишвар ба амалишавии Барномаи пешниҳодшуда кафолат медиҳад, зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси муаззамаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи бузурги сиёсӣ дорад. Имконияти дигари ҳизб собиқаи амалии идоракунӣ доштани он аст. Ҳамчунин нерӯи бузурги кадрӣ ва ҷонибдорони зиёди ҳизб имконияти кафолатро афзунтар мегардонад.

Ба саҳнаи таърих вуруд омадани Пешвои миллат, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи нави сиёсии ҷаҳони муосир ва неъмати бузургу бебозгашти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳадиси корнамоиҳои садри Ватан, номзади арзандаву писандидаи ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даҳҳо китобу рисолаҳо ғунҷоиш нахоҳад ёфт.

Чӣ василае номзади шоистаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оламгир кардааст?

Ихлосу муҳаббат ба обу хоки аҷдодӣ, ба Худову халқи Худо, ихлосу муҳаббат ба хурду бузурги миллат, ба кулли аҳли башар.

Интихоботи пешорӯ давраи арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёну арзанда, давраи бунёдкориву созандагӣ ва рӯзҳои тантанаи адолати воқеии давлату давлатдорӣ бо андешаву афкори номзади шоиставу писандидаи ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Боиси сарфарозист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ояндаи неку дурахшони давлати миллии хешро бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд хоҳанд кард.

 

Аҳмадов Обидбой — мушовири раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара

Муҳамадова Гулнора — мутахассиси бахши иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>