Барои ояндани неки Ватан

Саъдиё марди накуном намирад ҳаргиз.

      Мурда он аст,ки номаш ба накуи набаранд.

Дар ин шабу рузҳои ҳассос ва хатарнок,ки ҷаҳонро авҷи бемории строятӣ бо номи коронавирус фаро гирифта аст ва ҳар як шахс дар фикри ҷони худ мебошад локин​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навоҳи ҷумҳурӣ ва атрофу акнофи он сафарҳои пайдарпайи корӣ анҷом дода аз аҳволи мардум дидан карда ва садҳо иншооти ҳаётан муҳим, корхонаҳои калону миёнаро ифтитоҳ намуда истодаанд,ки ин амали шоиста сазовори таҳсину офарин аст.

Оре, миллати тоҷик аз оғози бунёдаш дар тӯли таърих тавассути ба арсаи сиёсат​ омадани абармадони воқеъи дар ҳар давру замон зулумотро ба нур,ҷангу ҷидолро ба сулҳу сафо, ихтилофу низоъро ба ваҳдату якпорчаги табдил дода аст.

Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти комили Ҷумҳурии азизамон миллат ба гирдоби ҷанг афтод,хоинини миллат нақшаи маҳв кардани миллати тоҷикро аз саҳнаи харита кашида буданд,байни қишри ҷомеъа кинаву кударат,қавмгароӣ ихтилофангезӣ бавуҷуд омад,ки боиси хароб гаштани пояҳои давлат шуд, дар натиҷа зиёда аз 150 ҳазор ҷони худро аз даст дод,садҳо ҳазор фарзандони ин миллат ятим шуд, миллионҳо нафар хонаву дари худро тарк карда ба хоки​ бегона шитофтанд, ҳазорҳо корхонаҳо аз кор монданд,буҷаи давлат сифр шуд, сармоягузорони ватанию хориҷи нияти малағгузорӣ он тараф истад балки нақшаи омадан ва умеди неки надоштанд.Дар ин ҳолати басо ҳассос Худованди банданавозу чорасоз,ки дустдори миллати куҳанбунёду шарафманди тоҷик мебошад, раҳмати худро нозил карда ба арсаи сиёсат яке аз фарзандони поквиҷдону дилсуз, абармарди таърих,марди шоҷоъу диловар, ки​ сарсупурдаи миллат буданд ва ҳастанд ва мемонанд  эҳдо кард.

 

Ин шахси поквиҷдон бо дастгирии кулли вакилон дар қасри бомаданияти Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 28 сол муқаддам сардори давлат интихоб гардид.

Баъди интихоб шудан дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 иброз доштан , ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…»

Албатта​ Сарвари давлат ба аҳди худ вафо намуданд, миллати парешонгаштаро аз нав сарҷамъкардан, муҳоҷирон ки дар хоки Афғонистон адади онҳо аз миллион нафар зиёд буд дар он ҳолатҳои вазнин ки ҳатто мақомоти​ Афғонистон таъмини амнияти сафари Сарвари давлатро кафолат надоданд, локин ҷасурона барои барқарор намудани сулҳу ваҳдат муҳоҷиронро оварда соҳиби макону манзил, соҳиби вазифаву мансаб карданд. Пояи фалаҷшуда ва буҷаи харобгаштаи кишварро аз сифр ба миллиардҳо боло бардоштанд,тавассути меҳнатҳои шабонарузонаи худ имруз Ҷумҳурии азизамонро ҳамчун биҳишти руйи замин гардониданд.

Ин шахси наҷиб,марди нотакрори миллат, қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Сояи Сарвари миллатро дар болои миллати тиҷик садсолаҳо пойдор гардонад,ҳамеша тансиҳати,хотирҷамъи фатҳу кушоиш дар умури зиндагию давлатдори ёрашон бод.

Миллат ва халқи азизи Ҷумҳурии Тоҷикистон​ хадамоти азими Сарвари миллатро ҳеҷгоҳ фаромуш нахоҳад кард.

 

Ҳомидов Абдуҷамол – аъзои гуруҳи тарғиботӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>