БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ЧАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ ДАР НӮХ МОҲИ СОЛИ 2020

DSC04467

Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт барои нӯҳ моҳи соли 2020 баргузор гардид.

Дар рўзномаи маҷлис се масъала баррасӣ карда шуд. аз ҷумла:

1. Натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар нӯҳ моҳи соли 2020.

2. Ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт барои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ.

3. Масъалаҳои ҷорӣ.

          Дар маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, намояндаи КИВ ҲХДТ Салимов Фирдавс Носирҷонович, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД –и ноҳияи Ашт Абдуллоева Мутриба, аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, фаъолон ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Х.К. ҳусни оғоз бахшида нисбат ба масъалаи якум ва дуюми рӯзнома  ба сухан баромада, сараввал қайд намуд, ки  мувофиқи барқияи телофонии КИМ ҲХДТ аз санаи 12.10.2020 сол таҳти №41 миннатдории Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолон ва таблиғотчиёни ҳизб ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз намуда, сониян оид ба корҳои иҷрогардида дар давоми нӯҳ моҳи соли 2020 ва ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт барои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, оиди фаъолияти Ситод, муваффақиятҳои бадастомада ва норасоиҳои ҷойдошта дар ин давра маърӯзаи муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамзамон маърузаи раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Санги кабуд”-и Ҷамоати деҳоти Ашт Мирзонорова Зайнура ва раиси ташкилоти ибтидоии ИДБЗО-и ноҳияи Ашт  Воҳидов Иброҳимҷон   оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ ва инчунин оиди корҳо анҷомдода ҷиҳати пешгирии бемории сироятии “COVID – 19” шунида шуд.

Сипас дар идомаи маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс Носирҷонович суханрони намуда, вобаста ба фаъолияти нӯҳ моҳаи ҳизб ибрози андешарони кард.

Дар  охир аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳия ба якчанд нафар аъзоён ва фаъолони ҳизб барои фаъолияти босамар ва саҳми муносиб дар корҳои тарғиботиву ташвиқотии Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроиявии ҳизб ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Суратгузориш рафти маҷлиси ҷамъбастӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>