БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ЧАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР НӮХ МОҲИ СОЛИ 2020

IMG_8328

Имрӯз Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан барпо гардид, ки дар кори он роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович, муовини Раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода, аъзоёни Кумитаи иҷроия, вакилон, ҳайати ситоди пешазинтихоботӣ, ҳайати гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан иштирок намуданд.

           Дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ се масъала:

  1. Дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дар нӯҳ моҳи соли 2020 ва вазифаҳо дар семоҳаи чоруми соли 2020
  2. Дар бораи натиҷаи фаъолияти Ситоди пешазинтихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  3. Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ
  4. Масъалҳои ҷорӣ

мавриди  муҳокима қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзоев дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар нӯҳ моҳи соли равон ҳисобот дод. Ӯ дар оғози сухан ба ҳамаи онҳое, ки дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд, миннатдории Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Аз рӯи масъалаи дуюм муовини раиси ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова дар бораи фаъолияти ситод дар давраи баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод.

Аз рӯи ин масъалаҳо фаъолони ҲХДТ Фирӯза Мӯъминова — мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Ҷумъаев – мудири шуъбаи қабули Беморхонаи марказӣ, Гулшан Мӯсоева – директори МТМУ №36 ба музокира баромаданд. Дар охир роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов баромад намуда, фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшанро дар давоми нӯҳ моҳи соли равон таҳлил намуда, барои пешравии фаъолияти кумитаи иҷроия маслиҳатҳои муфид дод.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома қарорҳои як қатор ташкилотҳои ибтидоӣ дар бораи қабул ба сафи ҲХДТ тасдиқ карда шуд.

Дар охир ба якчанд нафар фаъолони ҲХДТ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>