Маҷлиси ҷамбастӣ дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент доир гардид

IMG_5371

Дар толори бошукӯҳи ба номи Лоиқ Шералии  шаҳри Панҷакент бо иштироки аъзоёни Кумитаи иҷроия, раёсат, якқатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб, гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботӣ, аъзоёни комиссияи шаҳрии интихобот ва шахсони боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид.

Маҷлис таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода баргузор гардида дар кори он раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода иштирок ва суханронӣ намуд.

         Дар оғози маҷлис оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроия дар нӯҳ моҳи соли равон шунида шуд.

         Раиси Кумитаи иҷроия дар баромади худ зикр намуд, ки маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ, шаффофу демократӣ доир шуд. Дар рӯзи интихобот шаҳрвандон фаъолона иштирок намуда ба тарафдории номзади арзанда аз ҲХДТ, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон овоз доданд.

         Бинобар он аз фурсат истифода намуда миннатдории Ситоди ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриро ба кулли аъзоёни ҳизб ва фаъолони ҳизб, тарғиботчиён ва ситоди шаҳрӣ мерасонам.

Дар идомаи суханронӣ фаъолияти Кумитаи иҷроия дар ҳамаи самтҳо таҳлил гардида барои пешрафти кор дастурҳо дода шуд. Дар маҷлис Ансорӣ Муаззамхон – ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музокира баромада оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат, доир гардидани интихоботи шаффофу демократӣ суханронӣ намуда ба фаъолияти Кумитаи иҷроия баҳои хуб дод.

Дар идомаи суханронӣ фаъолияти Кумитаи иҷроия дар ҳамаи самтҳо таҳлил гардида барои пешрафти кор дастурҳо дода шуд.

         Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Замонова Ҳамзира – мудири шӯъбаи омори Кумитаи иҷроия гузориш дод. Ⱪайд шуд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ аз санаи 03.07.2020 дар бораи гузаронидани муқоисакунии аъзоёни ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷумҳурӣ муқоисакунии аъзоёни ҳизб дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳр гузаронида шуд. Ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсия дода шуд, ки то охири сол таҳлили аниқи аъзоёни ҳизбро гузаронида ба қабули босифати аъзоёни нав диққати ҷиддӣ дода шавад.

         Аз рӯи масъалаи ниҳоии рӯзнома Лутфуллоев Бурсӣ – мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ оид ба рафти ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва «Фарвардин» барои соли 2021 суханронӣ ва зикр намуд, ки то ин муддат яқ қатор ташкилотҳои ҳизбӣ дар маъракаи обуна фаъолона иштирок намуда нақшаи пешниҳоднамударо саривақт иҷро карданд. Бинобар он ба дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсия дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбиро иҷро намоянд.

         Дар ҷамъбасти маҷлис ба 27 нафар фаъолони ҳизб барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб, баланд бардоштани обрӯю эътибори ҳизб дар ҷомеа, инчунин, тарғиботчиёни фаъоле, ки дар тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузоштанд дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ супорида шуд.

         Маҷлис аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарори дахлдор қабул намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>