ФАЪОЛИЯТ МАВРИДИ БАРРАСӢ ҚАРОР ГИРИФТ

121664545_406948713630522_8012783488443903836_o

Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол ҷаласаи ҷамъбасти Ситоди пешазинтихоботии Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти нӯҳмоҳаи КИ ҲХДТ дар шаҳр баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Раиси шаҳр Муқаддас Алибердиён ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Ф.Н. ширкат варзиданд.

Сараввал раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр М.Ниёззода доир ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳр давоми нӯҳ моҳи соли равон ва ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод. Дар охири маърӯзаи хеш М.Ниёззода аз номи КИМ ҲХДТ ва кумиҷроияи вилоятӣ фаъолони ҳизбро барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффову демократӣ баргузор гардидани Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр миннатдорӣ баён намуд. М.Ниёззода таъкид дошт, ки оянда низ дар якҷоягӣ бо аъзоёни ҳизб баҳри фаъолияти густурда кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Ҳамзамон якчанд нафар фаъолони ҳизб ба музокира баромада, оид ба бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар самти пешгирии паҳншавии бемории COVID-19, самти кор бо занон ва оила, ҷавонон, ҳамкорӣ бо воситаи ахбори омма ва вокуниш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дастгирии моддиву маънавии ниёзмандон ва фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ, ки дар давраи ҳисоботӣ ба роҳ монда шудаанд ёдовар гардиданд.

Сипас намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Ф.Н. баромад намуда, таъкид кард, ки мо ҳизбиён оянда низ барои рушди хоҷагии халқи шаҳр, иҷрои ҳадафҳо ва дастурҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самт бояд фаъол бошем. Инчунин Ф.Салимов доир ба иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои “Минбари халқ ” ва “Сухани халқ” фаъололонро даъват кард.

Дар охири чорабинӣ чун рамзи эҳтиром ба 12 нафар аъзоёни фаъоли ҳизб, ки дар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар шаҳр ва иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ саҳм гузоштанд Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва чун туҳфа як адади обуна ба рӯзномаи “Минбари халқ” барои соли 2021 эҳдо карда шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>