Маҷлиси ҷамбастии фаъолияти нуҳмоҳаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон

изображение_viber_2020-10-15_15-54-56

Маҷлиси ҷамбастии фаъолияти нуҳмоҳаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон санаи 15.10.2020 сол дар толори МИМҲД ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид.  

       Дар маҷлис намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидов Фирдавсхон, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ, муовини Раиси ноҳия Ҳабибуллозода Шаҳринисо ва  аъзоёни кумитаи иҷроия иштирок намуданд.

       Мутобиқи регламенти маҷлис се маъала “Натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар нуҳмоҳи  соли 2020”, “Ҷамбасти Ситоди пешазинтихоботии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Рафти иҷрои “Обуна-2021”ба нашрияҳои “Минбари Халқ” ва   “Сухани Халқ””  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

      Дар маҷлис мудири шуъбаи ташкилии кумитаи иҷроия Ғоибов С.Ф, оиди натиҷаи фаъолияти нуҳмоҳаи кумитаи иҷроя шунида шуд. Ба музокира Раиси ташкилоти ибтидои “Маркази саломатӣ” Абдурасулов Н.  ва намояндаи  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидов Фирдавсхон сухани табрикотии оиди ба интихоби номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яънеъ ба ҷонибдории Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз додан изҳори миннатдорӣ намуд.Баъдан муовини раиси ноҳия Ҳабибуллозода Ш оиди  рафти иҷрои “Обуна-2021”ба нашрияҳои “Минбари Халқ” ва   “Сухани Халқ”суханрони намуд.

       Дар фарҷоми маҷлис чун анъана ба шаш нафар ҷавононе, бо аризаи худ муроҷиат намуда буданд, ба онҳо аз тарафи меҳмонон  шаҳодатномаҳои ҳизб супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>