НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ВА КОРИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ

121638989_1063556190765981_2697480228881886682_n
16 октябр дар маҷлисгоҳи калони Маҷомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси навбатии кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо иштироки Тоҳир Азиззода – раиси ноҳияи Мастчоҳ, Фирдавс Саидов – намояндаи КИ ҲХДТ дар виояти Суғд, аъзои раёсат ва кумиҷроияи ноҳиявӣ, вакилону фаъолон, намояндагони ВАО ва дигар шахсони даъватшуда баргузор шуд, ки дар он асосан ду масъала – фаъолияти кумиҷроияи ноҳиявӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва натиҷаи кори ситоди пешазинтихобтии он оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Пас аз тасдиқи тартиби кор ва рӯзномаи ҷаласа Дилшод Зокиров – раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб сипосу миннатдории Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинони ноҳия барои иштироки фаъолона дар интихобот баён намуда, таъкид кард, ки мардуми шарафманди Мастчоҳ ҳамеша ва дар ҳама ҷо ҷонибдори сиёсати оқилонаву пешбарандаи Пешвои муаззами миллат буданду ҳастанд.
Сипас аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дишод Зокиров шунида шуд. Таъкид гардид, ки барои зиёдтар намудани нуфузи ҳизб ва амалӣ кардани талаботи Оинномаву Барномаи ҲХДТ густариш бахшидани корҳои тарғиботӣ нақши муҳим дошта, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамеша бо усулҳои муассиру ҷадид миёни ҷомеа дар ин самт корбарӣ менамояд. Дар дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 183 чорабиниҳои тарғиботию садҳо суҳбатҳои гуногунсатҳ барои тарғиби ғояҳои ҲХДТ ва зиёд намудани аъзои ҳизб роҳандозӣ гардида, натиҷаи мусбӣ ҳам доданд. Маҳз пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ буд, ки дар ин давра 436 нафар ба сафи ҲХДТ дохил шуданд. Ҳоло дар 51 ташкилоти ҳизбӣ 5577 нафар аъзои ҳизб муттаҳид гардидаанд, ки аз ин миқдор 2764 нафар занон ва 2604 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
- Мо минбаъд низ тибқи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои мақомоти болоии ҳизбӣ фаъолият намуда, баҳри боз ҳам бештар намудани нуфузи ҲХДТ, тозакунии сафи аъзо аз ашхоси тасодуфӣ, муҷаҳҳазгардонии бинои маъмурӣ, фаъолсозии сомонаи рӯзномаи “Нигоҳи халқ” ва бо техникаи иттилоотии замонавӣ таъмин намудани ҳамаи кормандон иқдомоти заруриро амалӣ менамоем, — иброз дошт Д.Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ.
Муродулло Почозода – муовини раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа доир ба фаъолияти ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, иброз дошт, ки сокинони ноҳия аз соати 6 субҳи 11 октябр то охирин лаҳзаҳое, ки дари участкаҳои интихоботӣ боз буданд, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар маҷмуъ дар он рӯз аз 75310 нафар интихобкунандагон 64601 нафар, ё худ 85,78 дарсад дар интихобт иштирок карда, 58137 нафари онҳо – бештар аз 90 дарсад ба ҷонибдории номзади арзандаи ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд, ки нишонаи муҳаббати бузурги мардуми Мастчоҳ ба фарзонафарзанди халқу ватан, наҷотбахши бемисли кишвар, Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои асри 21 мебошад.
- Ин муҳабат самимӣ, ҷовидон ва усутвор аст, зеро мо дар симои абармарди даврон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзу ояндаи пурнусрати худ ва саодати фарзандонамонро мебинем. Мо ба сиёсати оқилонаи Пешвои миллат содиқ будем, ҳастем ва хоҳем монд, — таъкид кард М. Почозода.
Зимни музокира собиқадори ҳизб, раиси комиссияи тафтишотии кумиҷроияи ноҳиявӣ Қобилхоҷа Қобилов ва мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Хусрави Ашурзод андешаҳои худро барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти кумиҷроия иброз намуданд.Дар идомаи ҷаласа Тоҳир Азиззода – раиси ноҳияи Мастчоҳ ва узви кумиҷроияи ноҳиявӣ зимни таҳлили дастоварду муваффақиятҳои ҳизбиён аз баъзе камбудиҳои ҷойдошта низ ёддоварӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти кори кумиҷроия андешаҳои судманди худро баён намуд.
- Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки раванди ҷараёни қабули аъзои нав аз ҳисоби ҷавонону бонувони фаъол, зиёиён ва дигар қишрҳои ҷомеа вусъати солҳои қаблиро надорад. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳру ноҳияҳое, ки шумораи аҳолиашон нисбат ба ноҳияи мо камтар аст, сафи аъзои ҳизб аллакай аз 7-ту 8 ҳазор аъзо гузаштааст. Дар ноҳияи Мастчоҳ, ки беш аз 129 ҳазор аҳолӣ дорад ин нишондиҳанда ҳанӯз ба 7 ҳазор нафар нарасидааст. Барои ҷалби аъзои нав махсусан дар самти соҳаи кишоварзӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корбариро бояд пурзӯр намоем. Ҳоло дар ноҳия 110 маҳалла амал мекунад, агар дар назди ҳар як маҳаллаҳо ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шавад, шумораи аъзои ҳизб хеле меафзояд, — таъкид кард Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Фирдавс Саидов – намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд низ бо ёдоварӣ аз имкониятҳои кумиҷроия ва аъзои фаъоли ҳизб барои дар муҳлати муайяншуда иҷро намудани нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ – “Минбари халқ”, “Сухани халқ” ва “Нигоҳи халқ”, бештар намудани аъзои ҳизб ва таъсиси ташкилотҳои нави ҳизбӣ андешаҳояшро иброз намуда, ба ҳизбиёни ноҳия барои иҷрои рисолати пуршараф – густариши нуфузи ҲХДТ барору муваффақиятҳои беназир таманно кард.
Сипас ба як гуруҳ фаъолон Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кумиҷроияи ноҳиявӣ тақдим карда шуд.
Бо қабул намудани қарорҳои дахлдор маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба кори худ хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>