Баргузории Маҷлиси чамъбастии фаъолияти нуҳмохаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

121993285_184346156515032_7999247096344442947_o

Нимаи дуюми рӯзи 16 октябри соли равон дар толори калони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар маҷлис Маҳмудзода Қаюмҷон — муовини якуми Раиси шаҳри Бӯстон, намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутриба — мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумиҷроияи вилоятӣ, Ҷалолзода Миршакар Саид — Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, аъзоёни Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, аъзоёни Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва раисони ташкилотҳои ибтидоии назди Кумиҷроияи шаҳрӣ иштирок доштанд.

Дар рафти баргузории маҷлис оиди масъалаҳои баррасишавандаи рӯзномаи маҷлис вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳаи Кумиҷроияи шаҳрӣ аз ҷониби масъулин маърӯзаҳо ироа гардида, таъкид карда шуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баҳри татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, мустаҳкам намудани мақоми ҳизб дар ҷомеа амал намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақт ва сифатнок иҷро гарданд, сафи аъзоёни ҳизбро аз ҳисоби занони бомаърифат ва ҷавонони ватандӯст зиёд намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Оинномавии худ корҳои таблиғотию ташвиқотиро сифатноку самаранок ба сомон расад.

Дар интиҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ба якқатор аъзоёни Ситоди пешазинтихоботӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб, баланд бардоштани обрӯю эътибори ҳизб дар ҷомеа ва мусоидат намудан ҷиҳати баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилию ҳуқуқӣ бо Сипосномаҳои Кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>