Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

изображение_viber_2020-10-17_11-00-18

Санаи 17 октябри соли равон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барпо гардид, ки дар кори он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Саидов Фирдавс, муовини Раиси ноҳия Турсунзода Дилором,  аъзоёни Кумитаи иҷроия, вакилон, ҳайати ситоди пешазинтихоботӣ,  ҳайати гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  иштирок намуданд.

     Аз рӯи масъалаи якум роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Зоҳидов Алиҷон  дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар нӯҳ моҳи соли равон ҳисобот дод. Ӯ дар оғози сухан ба ҳамаи онҳое, ки дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд, миннатдории Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

    Аз рӯи масъалаи дуюм котиби ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳия Солиева Муяссар  дар бораи фаъолияти ситод дар давраи баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод.

      Аз рӯи ин масъалаҳо аъзои фаъоли  ҲХДТ  аз соҳаи маориф  Ҳайдаров  Муродҷон,  роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Акбарзода Маъруф  ба музокира баромаданд.  Дар охир  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидов Фирдавс баромад намуда, фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар давоми нӯҳ моҳи соли равон таҳлил намуда, барои пешравии фаъолияти кумитаи иҷроия маслиҳатҳои муфид дод.

     Дар охир ба якчанд нафар фаъолони ҲХДТ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>