Ҷаҳолат сарчашмаи ифроту офат аст

Ифротгароӣ амалест, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳониро пешоруйи хатар қарор додааст ва бархе давлатҳои олам дучори ин раванд нотавон монда, иддаи дигар тадбири халосӣ меҷуянд. Ифротгароӣ, пеш аз ҳама теша ба решаи дарахти сабзи субботу амният ва сулҳу ваҳдат мезанад. Садҳо кӯдаконро дучори хушунату бепарасторӣ, гуруснагию дарбадари сохта, садҳо модаронро мубталои доғи фарзанд ва кишвару миллатҳоро ба вартаи ноэминӣ  тела додаст.  Ҷангу хунрезӣ ва қатлу ғорат аз ҷумлаи нангинтарин ва палидтарин падида дар радифи зилзила, сел, вабо, қаҳтӣ ва тирагӣ маҳсуб шудааст. Ҳама гуна ақоиди ботилу бебунёд, ки дар назари пайравонаш таассубан бар асари нодониву ҷаҳолат дуруст маҳсуб мешавад, ногузир ба ҷангу хунрезӣ мепайвандад. Афроде, ки номи поки одамиро ба замин мезананд сазовори бардоштани ин ном нестанд. Онҳо танҳо дар зоҳир одаманд, дар асл аз дев ё ҳайвони дигар беш нестанд. Сазовори одаму инсон будан донистани ҳадду ҳудуди худ аст. Ҳамин, ки аз ҷодаи худ берун қадам ниход, уро дигар одам номидан маҳол аст. Ҳакими Тӯс дар ин хусус мефармояд:

Ҳар он к-ӯ гузашт аз раҳи мардумӣ,

Зе девон шумар, машмараш з-одамӣ.

Имрӯз ҳодисаҳои мудҳише, ки дар рушду такомули пешрафту тараққиёти сохтори давлатдории ҷомеаи ҷахонӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро чашмрас аст, ки ин ҳам бошад боиси бар асари ваҳшиёна ба қатл расонидани ҳазорҳо кӯдакони поку бегуноҳ, таълимдиҳандагони муассисаҳои таълимӣ, таркишҳои мудҳиш дар масҷидҳою бозорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ баҳри ҷиҳод гуфта ба ҷони чандин афроди ҷомеаи бегуноҳ, ки яке ба кор рафтаю дигаре ба таълиму тадрис, дигаре ба харид омадаю дигаре аз кор равон аст, инхо хама ифодагари камоли бехирадиву нокасӣ, ношукри ба нону намаки дастурхон ва обу хоки ачдодии як катор исломтарошони беимону баддил аст. Оё ин аст асолати мусулмонӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда боиси миллионҳо хисороти молию ҳазорҳо хисороти ҷонӣ гаштааст. Тавре, ки Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ гуфта буд:

Ҳар, ки рафтори беадаб дорад,

Баҳра кай аз ҷадду насаб дорад.

Ин падидаҳои ногусастанӣ шояд дар Ҷумҳурии мо воқеан чашмрас набошад, аммо амалҳои ифротгароёнаи экстремистии наҳзатҳои исломии мамолики хориҷ дар тарбияи ахлоқии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Ба андешаи мо мусулмони ҳақиқӣ шахсест, ки аз амалҳои хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва ғайридинӣ даст кашида, барои ободии давлат бо ҳисси баланди ватандустӣ оид ба беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ амал намуда тинҷию оромиши ҷомеаро мехоҳад.

Мо имрӯз бояд шукргузор аз он бошем, ки дар як давлате зиндагӣ ва кору фаолият карда истодаем, ки дар он сулҳу субот, дустӣ, якдилӣ, якдигарфаҳмии байни мо тоҷикон пойдор аст. Мо Тоҷикистониёнро месазад, ки аз як гиребон сар бароварда зери сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери ливои парчаму ваҳдати миллӣ ҳамеша росткору фархангманиш ва ободгару созандаи Ватани ачдодиамон бошем. Аз мусалмоннамоёни девсиришт хушёру барканор бошем, зеро Ҳаким Носири Хурав бо исрор таъкид доштааст, ки:

Андешаҳои номатлуб ва иғвогароёнаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки 2-3 соли охир тавассути васоити ахбори омма садо медиҳад, ҳеч як фарди баимону ватандусти кишварро  наметавонад ором гузорад.  Қабл аз ҳама эътироф намоем, ки мо нисбат ба ягон ҳизбҳои мавҷудаи  кишварамон, ки барои ободонии диёрамон саҳмгузор ҳастанд, хусумату бадбинӣ надорем, аммо он шахсоне, ки  аз номи дини поки ислом мардумро ба иғвою ҷангу ҷидол ва нооромӣ даъват намуда, боз даъвои узвияти хизби исломиро мекунад, нафрат дорем. Ислом ба ҳизб бениёз аст.

Мардуми сулҳпарвари тоҷик фоҷиҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Бахусус солҳои ҷангҳои бародаркушии дохилиро, ки ба туфайли ҷахолату ҷудоиандозиҳои Шумо барин исломгароёни авомфиреб ба нестӣ расида буд. Ана ҳамин ҳизби Шумо роҳбарӣ карду Тоҷикистони азизамон дучори фоҷиаҳои мудҳиш гардид. Шумо хеле хуб медонед, ки киҳо накшаи махви давлату миллатамонро таҳрези карданду болои миллат балову бадбахтиҳо оварданд. Намехоҳем малоли хотири шумо бошем, вале хоҳиш мекунем, ки миллатро ба нестӣ набаред, ҷавононро ба роҳи ҷахолату гумроҳи ва тассуботи дини шомил насозед. Вақти он расидааст, ки Шумо ва пайравонатон аз ин роҳ баргардед. Зеро ҷаҳолат сарчашмаи ифрот ва ифрот манбаи офоти башарият аст.

Шўъбаи маорифи ноҳияи Б. Ғафуров

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>