Филми Хиёнат парда аз рӯи амалҳои номатлуби наҳзатиҳо бардошт

122145838_365204874925924_5430218426547414328_n

Чанде пеш тариқи шабакаҳои телевизионӣ қисми 4 ва 5 филми мустанади Хиёнатро нишон доданд ва ман бори дигар ин нохалафонро дар қалби хеш маҳкум намудам.

Истифода аз вазъияти ҳассос, яъне давраи ба даст омадани истиқлолият ин гурӯҳҳо, махсусан наҳзатиҳо бо нақшаи тахрибкоронаи хеш хостанд хостаҳои маккоронаи хешро ба номи дин дар кишвари мо таҳмил намоянд. Зеро кишвари мо, ки мусулмоннишин аст ва эътиқод доранд бо роҳи динӣ метавон ҷилави мардумро ба даст овард.

Аммо дар кишвари мо, ки аҳли илму маориф ва фаъолони ҷомеа ин маккории ононро медонистанд ва чун туфон дар пеши роҳи нокасонаи онон меистоданд, нақшаи нобуд сохтани нафарони фаъолро кашиданд. Зеро фаъолони ҷомеа ба таври ҳамешагӣ дар ҳама давру замон танҳо барои пешрафти илму маърифату дунявият кӯшиш намудаанд. Мавлоно Балхӣ мефармояд:

Васфи бедории дил, эй маънавӣ,

Дар нагунҷад дар ҳазорон маснавӣ.

Якчанд ин нафаронро куштанд ва боз аз барои оташ гирифтани ҷаҳлу бедодӣ дар қалби нопокашон даст ба фитнаву одамрабоиву дигар аммалҳои номатлуб заданд.

Магар мешавад, ки роҳи номатлуб пеша кард, мардуммфиребӣ кард, фитна андохт, инсон кушт ва боз мардумро ба ростгорӣ ва роҳи мустақим ҳидоят кард? Албатта не! Девонаро то ҳатто ин амал намефорад! Аммо наҳзатиҳо ва ҳамммаслаконашон чунин буданд, ки мекуштанду оташ мезаданду боз маккорона Худою Расул мегуфтанду “мегиристанд”. Ин афрод гумон мекарданд, ки дар ҷомеа шояд соҳиби обрӯй ё ҷойе бошанд ва намедонистанд, ки қисме раият аз тарси чанголи шағолонаашон, аз бераҳмияшон метарсанд ва аз тарс ҷавоби эҳтироми миёншикан медоданд. Чунин инсонҳо ягон маҳал ҷойгоҳ дар ҷомеа намеёбад, чун Мавлонои Румӣ низ фармудааст, ки нест марди беадаб соҳибмақом!

Магар мешавад, ки дилҳоро хароб кард, баъдан ваъз гуфт, магар мешавад, ки ватанро хароб кард ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки духтарони бечораро зино кард ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки инсонро пуст канд ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки сари одамро бурид ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки нохунҳои одамро бо азият барканд ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки инсонро асир гирифту маблағ талаб кард ва баъд ваъз гуфт, магар мешавад, ки рӯякӣ дин гуфту ғорат кард ва баъд ваъз гуфт, мешавад? На намешавад, аммо замоне ТЭТ ҲНИ даст ба чунин амалҳо мезаду боз дар минбар баромада, ҷамъе аз бечорагонро ваъз мегуфт, ки дар филми мустанади Хиёнат беҳтар нишон дода шуда, исбот гардидааст. Боқӣ бояд ҳар яки мо донем, ки наҳзатиҳо имрӯз агарчанд ҳазор маротиба ном иваз кунанд ҳам ҳамон маккорон ҳастанд!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>