ТАВБАФАРМОЁН ЧАРО ХУД…

122008875_1068795246908742_1510329579499614659_n
Барои мардуми тоҷик ғазали машҳури Ҳофиз бо матлаи “Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд”, садсолаҳо инҷониб ба ҳикмати умр ва панди рӯзгор табдил шудааст. Воқеияти онро дар замони мо бештар метавон пайдо кард. Махсусан дар симои “воизон”-и “дар хилват кори дигар” мекардаи наҳзат. Аз ҷумла саркарди ин тӯдаи хиёнаткорон Кабирии фоҷир. Чунки имрӯз симои зоҳидона ва сирати фоҳишонаи Кабирӣ барои миллат аён шуд. Фошкории Додоҷони Атовулло парда аз рӯйи авомфиребиҳои Кабирӣ бардошт. Маълум гардид, ки вай аз зумраи ҳамон “тавбафармоёнест”, ки на танҳо тавба камтар мекунад, балки барояш то ҳанӯз мафҳуми “тавба” ҳеҷ моҳияти арзишӣ надорад. Ин “тарғибгари демократия” ва ба ном “ҳимоятгари ҳуқуқ” дар иҷрои амалҳои фоҳиш “устодону раҳнамоёни ғарбӣ”-и худро ба як нӯл задааст, яъне “турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро”. Муносибати зиддишаръӣ ва фаҳшгӯии пасипардагии Кабирӣ ба ягон меъёри инсонии на шарқию на ғарбӣ рост намеояд. Барои чунин касон ободии Ватан, шарофати инсон, сулҳу амонӣ ҳеҷ арзише надорад. Ин “абдуззакарон” фақат хизматгорони хоҷаи худ ва олоти мардии хешанд. Ин тоифа на танҳо “тавбафармоён”-и тавбафурӯшанд, балки ба қавли Хоҷаи Шероз:
Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,
К-ин ҳама қалбу дағал бар кори довар мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>