НУҚТАИ ЗАЪФИ МО КУҶОСТ?

(андешаҳо перомуни нигоштаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаи ИСЛОҲ.НЕТ)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷуумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаи Сарвари давлат интихоб шуданашон то кунун аз тариқи минбарҳои баланд пайваста оид ба одоби хизмати давлатӣ, маънои аслии он, зиёдаравӣ накардан ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, дорои фарҳанги баланди муносибат, рафтор, гуфтор ва кирдор будан, дасту дилу тафаккури поку солим доштан, дар ҳама ҳолат муқаддам донистани арзишҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, муносибати ҳалимонаю ғамхорона нисбат ба мардум таъкид менамоянду мегӯянд. Риояи ин таъкидҳо ба ҳар як фарди худогоҳ, хосатан мансабдоре, ки ба шарофати истиқлолият ва, хусусан, бовари амиқи Пешвои муаззам ба зинаи мансабе расидааст, иззат, обрӯ, сарбаландӣ, сарсабзӣ ва номи неки ҷовидона меорад. Алорағми ин таъкидҳои беғаразона амал намудан ва ҷониби душмании халқу арзишҳои миллӣ гом намудан дар интиҳо рӯсиёҳию шармандагӣ, оҳу афсӯс, пушаймонию надомат ба бор меорад.

Муддатест, ки сомонаҳои иғвоангези интернетии хоинони асолатбохта, хусусан ИСЛОҲ,НЕТ, ки дастандаркораш Муҳаммадиқболи Садриддин аст, маъракаи туҳмату иғворо хеле гарм намудааст. Ин сомона оид ба давлату Ҳукумат, шахсони бузург, идораву ташкилотҳо, хоҷагиҳо матолиби бо ном “таҳлилӣ” интишор сохта, ба таври хеш худро ғамхору ҳомии мардум нишон медиҳад. Вале дар асл мақсади ҳамаи ин тапишу талош, ҳамҳамаю дамдамаҳо тамоман чизи дигар аст. Муроди аслии ин нигоштаҳои пурғараз ва муаллифи он тафриқа ангехтан байни давлату мардуми одӣ мебошад. Ин дастнишондодҳои хоҷагони хориҷӣ як ҳадафи ниҳоӣ доранд. Ин ҳам бошад, латма ворид намудан ба бовари мардум нисбат ба сохторҳои давлатӣ.

Пас чӣ бояд кард?! Ба ҳар кас Худованд чашму гӯшу ақлу фаросат ва дараҷаи меъёри дарку эҳсос, қиёсу таҳлилу ташхис ато фармудааст. Мӯйро бо панҷаи ақлу идрок аз хамир мебояд ҷудо намуд. Бо зиракии сиёсӣ ба фанду фиреби навбатии буқаламунони асолатбохта ҷавоби сазовор бояд гуфт. Дар мизони андеша вазну тамкини суханони хоинонро, замони интишори онро, мақсади ниҳоии онро бояд баркашид.

Миллати тамаддунсозу хирадсолори тоҷик бо ташаббусу ғамхории Пешвои муаззами хеш дар 29 соли истиқлолияти давлатӣ бо дастоварҳои наҷиби таърихӣ соҳиб шуд. Пиёда намудани се ҳадафи сангинтарини стратегӣ, иқдом намудан ба амалишавии ҳадафи чаҳорум худ як қаҳрамонии беамсоли таърихист. Иҷрои онҳо ҳаёти мамлакат, ҳар як хонадони онро ба таври куллӣ тағйир дод. Миллат кӣ будани Пешвои миллат, хизматчии давлатӣ, роҳбар, ташаббускор ва чӣ будани мафҳуми истиқлолияту озодӣ, самараҳои илҳомбахши онро диду санҷиду дар коми хеш лаззати ҷонбахшои онро эҳсос намуд. Кулли мардум — хосу ом, пиру барно ба рушди бебозгашти саодати имрӯзу ояндаи хеш бовари комил пайдо намуд.

Пас, нуқтаи заъфи мо куҷост?! Чаро баъди 29 соли истиқлолияти воқеӣ ва арсаи користонҳои қаҳрамонии имрӯзу фардо боз ба торҳои нозуки эҳсосу дарки мардум душманони миллат беибо нохун мезананд?. Дар ҷомеа тафриқа андохтанӣ мешаванд. Дар чашми мардум сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ вонамуд месозанд. Худро мусичаи бегуноҳу ғамхори ҳамешагии миллат, дигаронро золиму тороҷгар ва худхоҳу беинсоф мешуморанд?!

Нуқтаи заъфи мо, бешубҳа, аз зиёдаравист. Нуқтаи заъфи мо, ки хоинон ба он чун кана сахт часпидаанд, аз ёд бурдани ҳикматҳои беғаразонаи Пешвои муаззами миллат аст. Албатта, ҳама не! Ҳастанд дар ҷомеа соҳабмансабони тасодуфӣ, ки бовари Сарвари давлатро сарфи назар намуда, баъди ба вазифае расидан курсии худро маркази оламу ҷаҳор пояи онро сутуни байни осмону замин меҳисобанд. Ба ҷойи ба халқу миллат хизмати бедареғ намудан, ба ҷойи ба бовари Пешвои муаззам ноил гардидан ба дуздӣ, муттаҳамӣ, ришвахорӣ, зулм, ситам, найрангу фиреб, дуруштӣ, ноинсофӣ даст мезананд. Кирдори ҳамин тоифа ба оташи ғайрати душманони фирорӣ равған рехта, обрӯйи давлат ва сохторҳои мухталифи онро коста месозад. Ба онҳо имконият медиҳад, ки дар сомонаҳои иғвоангези хеш нисбат ба давлату миллат ҳар гуна туҳмату иғворо паҳн намоянд.

Бархе мансабмуштоқон аз кӯчаи одоби хизмати давлатӣ ба куллӣ нагузаштаанд. Чун мансабе гирифтанд, гӯё ба онҳо Худо дод. Бо нӯги бинии баланди хеш чеҳраи осмонро мехарошанд. Аз кӯчаи савод нагузаштаанд. Матни рӯзномаю маҷаллаҳоро ба тариқи ҳарфу ҳиҷо хонда метавонанду халос. Хуллас, ки бесаводи кулланд. На рӯзномае мехонанду на маҷаллае мутолиа менамоянд. На дар сомонаҳои интернетӣ баромад мекунанду на мавқеи аслии худро муайян месозанд. Баромадҳояшон бе таҳлилу бемавқеъ, обшуставу дилгиркунанда, аксаран маврид бе тайёрию рӯякӣ аст. Онҳо аз Ватан — модар ба куллӣ равшан аст, ки на ному нанг, ифтихору шараф, балки сарват, мол, мошин, ҳавлӣ, замин мехоҳанду халос. Аз он бехабаранд, ки аз Ватан — модар ба ҷуз ному нанг, обрӯ, шараф, тинҷию амонӣ, сулҳу субот, рушд, бовари ҳамватанон хостан қадрношиносию хоинист.

Ҳикояте ба ёдам меояд: Боре ба соҳибмансабе, ки, аввал, дар зинаҳои паст, сипас, дар зинаи баланди мансаб қарор дошту рақами телефонаш дар бойгониям маҳфуз буд ва, зиёда аз ин, шиноси дерин будем, дар хусуси ҳалли муаммое занг задам. Ҳангоми занг задан, ӯ аллакай дар ягон зинаи мансаб қарор надошт, нафақахӯр буд. Ӯ занги телефонамро бардошта, ба ҷойи салому алейк бадқаҳрона гуфт: “Ба шумо рақами телефони маро кӣ дод, онро аз куҷову аз кӣ гирифтед?!”. Ана ин аст, одоби аслии баъзе хизматчиёни давлатӣ, ки алорағми бовари Пешвои муаззами миллат ва кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд. Ин амалҳо ва муносибатҳои шадид дар дили мардуми одӣ доғ гузошта, марзи боварҳоро мешиканад…

Интишороти иғвоангези ИСЛОҲ.НЕТ ва даъвоҳои М. Садриддин аксаран туҳмат ва як ҳисоботест дар пеши садақаи хоҷагони хориҷӣ. Вале баъзе нуқтаҳои он ҳар як фарди соҳибватан, хусусан, роҳбарони идораю муассисаҳо ва сохторҳоро ба он водор месозад, ки сидқан аз рӯйи виҷдон, инсоф, садоқат, вафо ва меъёрҳои санҷидашудаи ватанпарварӣ сазовори боварии Пешвои муаззами миллат бошанд. Бо баднафсию риёкорӣ, фиребу найранг, дурӯғ, бадгуфторию бадрафторӣ, ришваситонӣ, дуздӣ, ҳавобаландӣ, сангиндилӣ, бадахлоқӣ шуҳраи шаҳр гаштан, боиси костагии бовари халқ ва рӯсиёҳию шармандагии якумрӣ мегардад. Бояд ба халқу миллат бо дилу виҷдони пок, мафкураи созанда, волоияти арзишҳои миллӣ аз хостаҳои фардӣ хизмат намоем, то ки баъди ҳазорсолаҳо номамон дар ҷаридаи ҷовидонаи даҳр бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардад ва фарзандонамон аз доштани чунин ҷадду падарони ғаюр умре фахр намоянд. Миллати мо ҳикмати аҷибе дорад: «Бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад”…

Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ, узви ИЖТ,

Аълочии маориф ва илм, фарҳанг

ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

директори м.т.м.у. №25-и шаҳри Исфара.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>