БЕТАРАФӢ БЕШАРАФИСТ

Ҳарчанд ки имрўз ҷаҳонро хатари бузурге бо номи КОВИД-19 фаро гирифтаву мардуми сайёра аҳлона пайи тадбири аз ин балои ногаҳонӣ раҳо ёфтанро доранд, вале баъзе афрод ва гурўҳҳои манфиатталаб дар ғами ба амал овардани мақсадҳои сиёсии муғризонаи худ ҳастанд. Аз ҷумла, аъзои ҳизби сиёсии мамнўи наҳзати исломӣ ё худ гурўҳҳои муттаҳидшудаи «Паймони миллӣ» барои амалӣ намудани нақшаҳояшон шабу рўз кор карда, аз ҳамаи воситаҳои имрўзаи иттилоотӣ самаранок истифода мебаранд. Махсусан, онҳо дар сомонаҳои интернетӣ хеле фаъол буда, андешаҳояшонро дар байни ҷавонони гумроҳ ба роҳ мондаанд. Услуби муборизаи онҳо шабеҳи ҳамдигар буда, асосан аз сиёҳ намудани давлат ва Ҳукумат, эроду кинояҳои беасос ва ба тарафи худ ҷалб кардани шахсони ноустувор мебошад. Ин созмонҳои террористӣ давлат, миллат, фарҳанг ва зиндагии осудаи мардумро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор додаанд. Ба ин васила мехоҳанд, ки зиндагии осоиштаро халалдор намуда, дубора амнияти шаҳрвандон ва кишвари азизамонро барҳам зананд. Бояд қайд намуд, ки хатари онҳо на танҳо ба ҳукумат ва сохтори сиёсии он нигаронида шудааст, балки мустақиман ба ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқ ҳам мебошад. Аз ин рў ҳар як шаҳрванд дар мубориза бо экстримизму терроризм манфиати худро бинад ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода ба душманони миллат ҷавоби сазовор диҳад.

Мутаассифона, на ҳар як шаҳрванд мақсаду мароми сиёсии созмонҳои берун аз кишвар ташкилшударо дарк карда метавонад ва бадбахтона дар байни ҷавонон нафароне пайдо мешаванд, ки тақдири худро бо онҳо пайваст намуда,дар амали намудани нақшаю мақсадҳои нопоки онҳо мусоидат менамоянд. Бахусус, ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд осонакак ба доми онҳо меафтанд. Гурўҳҳои таблиғотии террористӣ он ҷавононеро ба амалҳои номатлуб ҷалб мекунанд, ки корашон омад накардаасту ҳисобашонро гум кардаанд. Ва ё ҷавононе, ки маърифати пасти динию дунявӣ доранд ва эҳсоси диниашон баланд аст. Маълум аст, ки ҳар қадар таасубу хурофоти динӣ реша давонад, ҳамон қадар инкишофи зеҳнию ақлониро бозмедорад. Дар натиҷа фалаҷшавии мафкура дар байни аҳли ҷомеа ба вуҷуд омада ахиран аксари мардумро фаро мегирад ва ин хатар боиси нороҳатӣ, таназзули ҳаёти пешрав ва бенизомии сиёсати дунявӣ мегардад.

Мардуми кишвар хуб медонанд, ки сабабгори асосии ҷангу хунрезиҳои солҳои навадуми асри гузашта маҳз бо ташаббуси аъзои ҳизби нахзат сар задааст. Вале, ба хотири амнияти мардуми кишвар ва зиндагии орому осуда ба онҳо имкон дода шуд, ки озодона дар чаҳорчўбаи қонун фаъолият намоянд. Вале онҳо аз ин имтиёз сўистифода намуда, баъдан сабабгори амалҳои нохуб гардидаву барои табаддулоти давлатӣ тайёрии ҷиддӣ дида даст ба ҷиноят заданд. Мисоли равшани он амалиёти Абдуҳалим Назарзода дар ибтидои моҳи сентябри соли 2015 мебошад. Дар натиҷа нафароне боздошт шудаву нафарони дигар ба хориҷа фирор намуданд. Ҳанўз ҳам фирориёни наҳзатӣ дар хоки бегона санг ба тарафи мо меандозанд, тўҳматзанию фитнаангезиҳояшонро давом медиҳанд. Ба замми ин онҳо дастгоҳи тарғиботиашонро шабу рўз ба кор андохта ба мафкураи ҷавонон бозӣ мекунанд ва боиси хурофотию мутаассиб шудани қисмати зиёди онҳо гардидаанд.

Барои инсон беҳтарин неъмат озодӣ ва истиқлолият аст. Ин ду мафҳум барои мардуми тоҷик тамоми шароит ва имкониятро додааст ва халқи азизи мо бо меҳнату кўшиш даштҳоро гулистону шаҳрҳоро обод карда истодаанд. Ба шарофати заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони ватандўст кишвари ҷангзада ба биҳиште мубаддал гашт. Мардуми шарафманди тоҷик бо шукргузорӣ аз фазои осоиштаи кишвар баҳри ободию созандагӣ ва равнақ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саю кўшиш намуда, аз ҷумла дар самти рушди босуръати иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва бунёди давлати муосири демократӣ саҳми муносиб мегузорад. Бо чашмони сар дида истодаем, ки се ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати кишвар (аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, амнияти озўқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ) амалӣ шуда, ҳоло Тоҷикистон барои дар амал татбиқ кардани ҳадафи чорўм (саноатикуноии мамлакат) қадамҳои устувор гузошта истодааст. Яқинан, ҳамаи ин дастовардҳо рашки душманони миллати тоҷикро бедор карда ба ҳар васила мехоҳанд ба пешрафти Тоҷикистон таъсири манфӣ расононанд.

Аз ин рў, бо вуҷуди он, ки суботу амнияти кишвар, осудагии мардум аз сиёсати муҳим ва аввалиндараҷаи давлат ва Ҳукумат аст, ин маънои онро надорад, ки мо шаҳрвандон нисбати тақдири худ бетараф ва дилпур бошем. Ҳар яки моро зарур аст, ки дониши сиёсии худро такмил дода доиман ба муқобили ҳама гуна созмонҳо ва гурўҳҳои террористӣ муборизаи беамон барем ва мавқеи худро устувор намоем. Ҳеҷ гоҳ набояд имкон дод, ки онҳо мақсадҳои нопокашонро амалӣ карда ба амнияти Тоҷикистони азиз таҳдид намоянд.

Маҳмудҷон Ниёзов

Директори Хонаи фарҳанги деҳаи Ворух,

Муовини раиси КИИ ҲХДТ дар деҳаи Ворух.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>