Чун ба хилват мераванд…

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

    Бале, ин мисраъҳоро чанд аср пеш Ҳофиз гӯё маҳз барои ҳамин гуна шахсони бадтинат мисли Кабириву ҳаммаслакони ӯ гуфта бошад. Зеро ин инсонҳои нопок аз номи дини мубини Ислом сухан мегӯянду дар хилват кори дигар мекунанд. Амалҳои ваҳшиёнаи ингурӯҳ одамонро филми “Хиёнат” боз ба мардум возеҳу равшан нишон дод.

    Дар ҷомеа имрӯз шахсоне умр ба сар мебаранд, ки шоҳиди ин амалҳои ваҳшиёнаи аъзоёни гурӯҳҳои ифротгаро гаштаанд.Шояд ҳамон солҳои мудҳиш ягон шахси наздикашонро гум кардаанду то ҳол ашки чашмонашон хушк нашудааст. Вале ин филм бояд чашми ҷавонони имрӯзаро кушояд. Онҳо донанд,ки ба сари миллати тоҷик ин афрод чӣ қадар рӯзҳои вазнинро ба бор оварданд ва имрӯз ҳам мехоҳанд, нақшаҳои сиёҳашонро амалӣ намоянд.

     Аммо мо – бонувон, ҷавонон, умуман, мардуми меҳнатдӯсту қавииродаи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуд, намегузорем, ки хоинони миллат Тоҷикистони азизи моро боз ба солҳои 90-ум баргардонанд.

Солиева М. – мудири бахши таблиғот,иттилоот ва кор бо занон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>