Хоин махлуқест Ватан мефурӯшад, дӯзах мехарад!

Таърихи инсониятро бе ҷангҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ин бора Ф. Клаузевс гуфтааст: “Таърихи инсоният таърихи ҷангҳост”. Имрӯз ҷанг нест, замона осоишта, амнияти давлатҳо таъмин аст ГӮЁ. Лекин, дар замони муосир навъ ва шаклҳои гуногуни ҷанг пайдо шудааст ба монанди терроризм, экстремизм, ҷангҳои иттилоотӣ ва ғайра мебошанд. Зеро имрӯз ҷаҳонро се чиз: кадр, пул ва иттилоот идора намуда, иттилоот нақши барҷастаро мебозад. Душманони давлатҳо тавассути иттилоот ба афкори ҷомеа таъсир мерасонанд ва кӯшиш менамоянд, ки ба амнияти давлатҳо хатар ворид созанд. Мисоли барҷастаро дар симои давлатҳои Ливияву Сурия мушоҳида намудан мумкин аст.

         Алалхусус, он хоинони молпарасти давлату миллати тоҷик ба монанди Муҳиддин Кабирию Шамсиддин Гадоев Ватан – Модари худро фирӯхта, дузахӣ шуданианд. Ба воситаи иттилоотҳои гуногуни бардурӯғу иғвоангез ба кишвари мо – Тоҷикистони биҳиштосо сангҳои маломатро ҳавола дода, мехоҳанд аз хоҷагони хориҷиашон маблағҳои ифлосро бигиранд ва Тоҷикистонро ба як давлати ҷангзада табдил диҳанд. Аммо, хушбахтона ба мақсадҳои нопоки хеш нарасиданду намерасанд. Зеро Тоҷикистон бесоҳиб нест. Он сарвар дорад! Артиш дорад! Халқи содиқу ватанпарвар дорад!

Бинобар ин моро зарур аст, ки ба ҳар гуна ахбор зуд бовар накарда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Баръакс ба иғвоҳои душманони миллат бо далелҳои раднопазир ҷавоб гардонем. Ба ҳифзи амнияти дохилии кишвар ҳисса гузорем. Исбот намоем, ки мо мисли хоинони давлат нонкӯр нестем. Ба қадри тинҷиву осоиштагӣ ва ба қадри заҳматҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, шукрона менамоем, мо Ватани худро сидқан дӯст медорем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунем.

Корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раҷаматов Аскарали

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>