Конститутсия — ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат!

123203454_203539694572307_1305955432156761494_o

Дар шароити давлатдории муосир нишони асосии Истиқлолияти давлатӣ соҳиби Конститутсия будани ҳар як кишвар ба шумор рафта, он ҳамчун шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат муаррифӣ мегардад.

Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсози миллат дар радифи Истиқлолияти давлатӣ ва Вахдати миллӣ арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёриву сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Тӯли 26 сол инҷониб туфайли меъёрҳои Конститутсияи амалкардаистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар Истиқлолияти давлатӣ таҳким, пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам ва фаъолияти мақомотҳои қудратӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуд. Вобаста ба талаботи ҷомеаи имрўза дар асоси Конститутсия сохторҳои нави идоракунӣ ташкил ва сохторҳои пешин тағйиру такмил ва парлумони касбӣ таъсис дода шуда, ба ҷои Шўрои Олӣ ташкили Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар роҳандозӣ карда шуд. Ҳамзамон, мувофиқи меъёрҳои Конститутсияи мазкур барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ, мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии сокинони кишвар ва татбиқи дигаргуниву навгониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт заминаҳои ҳуқуқӣ гузошта шуд.

Вазъи иқтисодиву иҷтимоии кунунии кишвар нишон медиҳад, ки тамоми дастовардҳои ноилгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ дошта, он заминаи ба ҳам наздикшавии низоми ҳуқуқии мамлакати моро бо давлатҳои хориҷа ва истифодаи анъанаҳои мусбати ҷаҳони мутамаддинро фароҳам овард.

Аз ин лиҳоз, имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари давлатдории миллии мардуми тоҷик, бо назардошти олитарин арзишҳои умумибашарӣ аз ҷониби коршиносон яке аз беҳтарин ва демократитарин Конститутсияҳои олам эътироф гардида, дар ҳаёти мардуми кишвар бозгўи саҳифаи навин маҳсуб ёфт. Он моҳияти инсонпарварона дошта, баёнгари ормону ҳадафҳои аслии тамоми ҷомеаи кишвар ба шумор меравад. Дар заминаи талаботҳои меъёрии Конститутсияи амалкардаистодаи кишвар зиндагии осоиштаи мардум фароҳам оварда шуда, як силсила қонунҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмиллалӣ таҳия ва қабул карда шудаанд, ки дар байни онҳо қонунҳои характери миллӣ ва ба ояндаи дурахшони мардум вобастагӣ дошта низ ҳастанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз зумраи чунин қонунҳо маҳсуб меёбанд…

Бинобар ин, дар асоси гуфтаҳои боло Конститутсияи кишварро, ки аз қабули он ба наздикӣ 26 сол сипарӣ мегардад, аз дастоварди арзишмандтарин ва ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат номид, ки барои расидан ба ҳаёти имрӯзаи сокинони кишвар ва боло рафтани нуфузи тоҷикистони азиз заминаҳои муҳими ҳуқуқӣ гузошт.

Имрўзҳо баъди сипарӣ гардидани 26 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ аст, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллати тоҷик чун кафили сулҳу субот ва ҳомии давлату ҷомеа минбаъд низ, раҳнамунсозии миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ хоҳад буд.

Азимҷон БОБОҶОНЗОДА — Раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>