Иҷлосияи таърихӣ ва Пешвои миллат

Эмомали

Гузашти рӯзҳо моро ба таҷлили яке аз воқеаҳои фараҳбахш 28-солагии Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик кард.  Зеро аз саҳфаҳои таърих аён аст,  ки  Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ 16 –уми ноябри соли 1992  дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба кори худ шурӯъ кард ва дар ҳамон ҷо тақдири миллат ва ватани моро ҳал намуд.  Дар он давра гузаронидани  чунин як иҷлосияи муҳим зарур ва саривақтӣ буд, аммо ба ҳам овардани тамоми вакилон кори басо душвор буд.  Иҷлосияи мазкур аз санаи 16- уми ноябри соли 1992 то

2-юми декабри соли 1992 идома ёфт. Вале бо вуҷуди ин ҳама нобасомониҳо  вакилон дар як муддати кӯтоҳ бисёр масъалаҳои муҳими сиёсиро баррасӣ намуданд.  Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки боиси пешрафти кори  иҷлосия шуд, ин интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.  Рӯзи сеюми баргузории Иҷлосия, санаи 19-уми ноябр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Баробари интихоби ин сиёсатмадори бузург давраи наве дар таърихи давлатдории Тоҷикистон оғоз гардид.

         Аввалин изҳорот ва аввалин баёнияҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ояндаи нек башорат доданд. “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард”, “Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем”, “Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам”, “Ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард”, “Гурезагонро то нафари охирин ба ватан бармегардонам”– мегуфт ӯ.  Дар ҳақиқат мо шоҳиди ҳамаи ин амалҳои неки Пешвои муаззами миллат гардидем, ки аз лаҳзаҳои аввалини сарвари  давлат интихоб гардидан,  барои халқу миллати хеш софдилона то имрӯз хизмат намуда истодаанд.

         Саҳми  Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ дар бобати муваффақ шудан ба ризоияти  миллӣ ва сулҳу ваҳдат дар таърихи тоҷикон беназир аст. Кӯшишҳои пайвастаи  Сарвари давлат ва парламенти кишвар, ҳамчунин хирадмандии мардуми баору номуси тоҷик натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 июли соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  ба имзо расид.  Роҳи ҳалли масъалаҳои дар созишнома ифодаёфта сулҳи бебозгаштро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд.

         Ин иҷлосияи тақдирсоз аз лаҳзаҳои аввалини фаъолияташ манфиатҳои умумимиллӣ-умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста, ба волоияти қонун ва ба роҳи қонунӣ ҳаллу фасл намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ибтидо гузошт.  Самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро таъин карда барои мувофиқа овардани қувваҳои солимии ҷомеа – ҳизбҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳаракатҳои мардумӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ  ва ташкилотҳои динӣ заминаи мусоид ба вуҷуд овард ва мавқеи сиёсии байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муайян кард.

         Имрӯз мо боифтихор гуфта метавонем, ки ин руйдоди бузурги таърих дар баробари ба натиҷаи сулҳу истиқрори миллӣ расидани ҷомеа, ҳамчунин ба рушду инкишофи тамоми бахшҳои сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ таъсири бениҳоят бузург расонидааст.

         Имсол ба баргузории   Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур мегардад.  Тӯли ин муддат Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои бузург дар ҳама соҳаҳо ноил гардид.  Хидматҳои бузурги ин шахси башардӯстро ба инобат гирифта, аз ҷониби Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ бо унвони “Пешвои асри XXI” қадрдонӣ гардид, ки аз ҷониби мардуми кишвар хуб пазируфта шуд.

         Имрӯзҳо ҳар яки мо вазифадорем, ки барои оромиву ободии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем. Ба фарзандони худ арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиро омӯзонем, худшиносии миллиро дар онҳо аз хурдӣ бедор созем. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд “Сабақи талхи таърихии кишварамон ҳар кадоми мову шуморо ҳушдор менамояд, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳнӣро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпарвар бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиамонро эҳтиёт ва ҳифз намоем”.

         Бо ифтихор ва қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи ин пешравию дастовардҳо дар рушди соҳаҳои иқтисод ва беҳдошти сатҳи зиндагонии мардуми ҷумҳурӣ бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба даст омадааст ва мо бояд дар амалӣ намудани онҳо ҳиссагузор бошем.

   КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>