​Қатъи сомонаи “Ахбор” бозгӯи пушаймонист

Без названия

Агар ба таҳлилҳои оморӣ назар афканем дар ҷаҳон 4,5 млрд. истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд буда, 53,5%-и он ҳаррӯза ба сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Odnoclassniki ворид мешаванд. Дар Тоҷикистон солҳои охир наздик 1,6 миллион ё 19% аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Аммо, маҷмӯан, 5,8 соати вақти истифодабарандагон беҳуда мегузарад, ки он нисфи ҳамарӯзаи моро ташкил медиҳад. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводи зиёди иттилоотии дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм низ паҳн мешаванд. Хабарҳои бардурӯғ, танқид ва иттилои беасосро пахш месозанд, ки мардумро ба таҳлука ва тарсу ваҳм меандозад.

Аъзои гурўҳҳои ифротӣ пинҳонӣ ё тариқи ошкоро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ё мессенҷерҳо — Facebook, YouTube, Viber, “Ҳамсинфон” (Одноклассники), Instagram, Twitter ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ ҷавононро бо роҳи фиреб ва бо истифода аз қишри ҷавонони камсавод, бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, заифирода ва дорои маърифати пасти диниву дунявӣ дошта ба гумроҳӣ ва хиёнаткорӣ мебаранд. Фаромўш набояд сохт, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастаанд ва ҳамсўҳбати мо чӣ мақсаду ҳадаф дорад? Дар ин ҳолат, танҳо истифодаи моҳиронаи маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ, равонӣ ва ғайра моро аз зуҳуроти номатлуб дур месозад.

Яке аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ сомонаи Akhbor.com маҳсуб меёфт, ки бештар аз зери нохун чирк мекофту табъи мардумро хира ва ба роҳи гумроҳӣ тела медод. Хабар ва изҳороти Мирзои Салимпур дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба қатъи сомонаи мазкур дарак аз он медиҳад, ки фаъолияти ӯ ба ҳеҷ кас зарур нест. Баръакс, иқдом пеш гирифт то ки назди ҷомеаи тоҷику тоҷикистонӣ бахшиш пурсад. Қатъ намудани як саҳифа дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аз ҷониби сарвар ва муассиси он Мирзои Салимпур бозгӯи пушаймонист ва қадамест ба сӯи ислоҳи амалҳои ношоиста аст.

Ҷӯраева Гулафзо – омӯзгори

факултети Забонҳои Шарқ

Аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>