Машварати кории кормандони ҲХДТ дар вилояти Суғд

IMG_6214

Имрӯз дар толори  ҲХДТ дар вилояти Суғд машварати кории Раиси Кумитаи иҷроия Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо кормандон баргузор гардид. Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён  намуд, ки  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва аъзои он фаъолияти худро мутобиқи дастуру раҳнамоиҳои — Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муҳтарами ҳизбамон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, барои расидан ба ҳадафҳои хеш талошу кўшиш ба харҷ дода истодаанд.Чунончи, Сарвари ҳизб борҳо таъкид менамоянд масъалаи ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба ҲХДТ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ба ҳисоб меравад.  Мавсуф кормандони кумитаи иҷроияро вазифадор намуда иброз дошт, ки барои иҷроиши нақша ва барномаҳои ҲХДТ пурмасъул бошанд, барои таҷлилӣ   Рӯзи Парчами миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолият ба аҳли кормандон дастуру супоришҳо дод.  Дар анҷоми машварат  Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба кормандон барору комёбиҳо орзу намуд.

,

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>