Конференсияи XXI ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол баргузор гардид

125932511_387776619335416_3482759073368317478_o

Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол Конференсияи XXI ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол баргузор гардид, ки дар кори Конференсия и.в. Раиси шаҳри Истиқлол Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 35 нафар вакилон ширкат намуданд.

Дар Конференсия як масъала, ки ин ҳам бошад пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Фирдавсӣ 29” ба ҷойи вакили хориҷшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи пешниҳоди КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол ва вакилони Конференсия ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол аз ҳавзаи интихоботии “Фирдавсӣ 29” номзад аз ҳисоби аъзои ҲХДТ- и.в. Раиси шаҳри Истиқлол Зоҳидзода Даврони Абдуқодир пешбарӣ карда шуда, тасдиқ ёфт.

Дар рафти баргузории Конференсия и.в. Раиси шаҳри Истиқлол Зоҳидзода Даврони Абдуқодир баромад намуда, оид ба идомаи корҳои тарғиботӣ дар самти тарзи ҳаёти солим ва иҷрои ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташкили корҳои созандагиву бунёдкорӣ фаъолони шаҳрро дастур доданд. Таъкид шуд, ки бояд ҳар яки мо фаъолон ба истиқболи ҷашни муқаддас-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густурдаро ба роҳ монда, бо меҳнати софдилона барои ободии ин гӯшаи диёри азиз саҳм гузорем.

Ҳамчунин Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол М.Ниёззода баромад намуда, қайд кард, ки аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо шукргузорӣ аз фазои осоиштагӣ дар кишвар, ки аз хидматҳои шоёни Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст барои ободиву рӯзгори шоистаи сокинон кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Бо садо додани Суруди миллӣ кори Конференсия анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>