Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳу ваҳдат

125765909_385578379352856_5101972536126644821_n

Тибқи нақша- чораҷӯиҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16.11.2020 мизи мудаввар таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон- меъмори сулҳи тоҷикон” дар ташкилоти ибтидоии ба номи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари ТҶҶ “ Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов, намояндаи МИҲД-и шаҳри Конибодом,ҳамчунин ҷавонони фаъоли касби кори гуногун аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд.

Нахуст мизи мудавварро муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи баргузории мизи мудавварро баён дошт ва афзуд, ки инчунин чорабинии имрӯза оғози курси навбатии захираи кадрии назди кумиҷроияи шаҳрии ҳизб мебошад. Намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ зимни баромади хеш оғози курси захиравиро барои дарёфти кадрҳои болаёқату роҳбарикунанда маҳз дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек пиндошт ва бобати ғамхориҳои ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан кард. Сипас аз ҷониби ҷавонони фаъол бобати корномаҳои ибратбахши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаҳо баён гардиданд. Ҷавонон байни ҳам суолу ҷавоби судманд намуданд.

Дар фарҷом ба 3-нафар ҷавонони фаъол шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба ғолибони озмуни иншонависӣ сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>