ПЕШВОИ МИЛЛАТ- АСОСГУЗОРИ НИЗОМИ БИСЁРҲИЗБӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

1-3

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пошхӯрии низоми яккаҳизбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба марҳилаи нави ташкили сиёсати дохилӣ оғоз намуда, барои бунёди  низоми давлатдорӣ мустақилона шурӯъ намуд ва бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву сиёсӣ системаи фалаҷашудаи давлатдориро мутобиқ ба талаботи замон аз сифр оғоз намуда, дар таҷрибаи давлатдории қариб сисола ба мувафаққиятҳои беназире ноил гардид.

Амалӣ шудани низоми бисёрҳизбӣ дар кишварро, ки пас аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон ташаккул ёфт, метавон яке аз дастовардҳои муҳими демократияи Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуд. Дар ин бора мулоҳизаҳои унвонҷӯи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷамшед ОБИДЗОДАро ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш менамоем.

Таърихи пайдоиши низоми бисёрҳизбӣ дар кишвар ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ рабт дошта, дар рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990 ҷунбишҳои сиёсие чун «Растохез» ва ҳизбҳои сиёсии дар он солҳо расман сабтиномнашудаи Ҳизби террористии наҳзати ислом ва Ҳизби демократии Тоҷикистон аз мавҷудияти худ дарак дода буданд.

Ҳарчанд ин ҳизбҳо расман дар қайди давлатӣ қарор надоштанд, бо истифода аз эътимоди мардум онҳоро ба суйи номокомиҳо раҳнамун месохтанд.

Махсусан Ҳизби террористии наҳзати ислом, ки бе қайди расмии давлатӣ он солҳо асосан дар заминаи идораи қозиёти кишвар амал менамуд, бо истифода аз фурсати муносиби шикасти Ҳизби коммунистӣ,   таназзули ҳокимияти шӯравӣ ва боварҳои мардуми дилсофу зудбовари кишвар ба дини мубини ислом, моҳирона истифода намуда, боиси низоъҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ гардида буд.

Ҳарчанд давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишҳои зиёд ва сиёсати хирадмандонаю дурандешона оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуданд, аммо ҳазорон қурбониёни ин ҷанг ва зарарҳои бузурги иқтисодӣ, ки маҳз дар натиҷаи идеологияи нодуруст, қасосгирӣ, бо ҳадафҳои нопок сиёҳ намудани намояндагони воломақоми Ҳукумат, ки аз ҷониби баъзе ҷунбишу ҳизбҳои сиёсӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба амал омада буданд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

Роҳбари давлат ҳанӯз 31 декабри соли 1992 зимни ироаи паёми табрикотӣ ба муносибати соли нави мелодии 1993 таъкид намуда буданд, ки «ҳар гоҳ дар бораи фоҷиаи ҷомеаи мо амиқтар фикр мекунем, пеши назарамон сиёсатҷаллобии он пешвоёни ҳизбу созмонҳое ҷилвагар мешавад, ки вобаста ба забт кардани ҳокимият ниқоби идеологии худро ҳар замон дигар мекарданд».

Дар баробари ин, Сарвари давлат дар ин паёми табрикотии худ изҳор дошта буданд, ки моҳияти асосии фаъолияти ҳизбу ҷунбишҳои наврӯро, ки ҳавобаландона худро нерӯҳои демократӣ меномиданд, радикализми сиёсӣ, ё бо ибораи дигар кӯшиши аз беху бун шикаста партофтани сохтор ташкил медод.

Бо истифода аз фазои холии идеологӣ Ҳизби наҳзати ислом бо роҳи фишороварӣ ва силоҳи оташфишон ба ғасби ҳокимият кӯшиш намуда,   тамоми сохтору механизмҳои ҳокимиятиро фалаҷ намуданд ва ҳатто кор то ҷое расид, ки моҳи сентябри соли 1992   Президенти мамлакатро, ки тамоми аҳолии ҷумҳурӣ интихоб карда буд, маҷбур намуданд  ба истеъфо равад.

Чунин амалкарди ҳамонвақтаи ин ҳизбу ҳаракатҳоро Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон «таҷовузи мақсадноки идеологӣ» унвон намуда, изҳор дошта буданд, ки фазои холии идеологӣ ва сиёсатҳои бепояи нобаҳангом имкон доданд, ки қувваҳои мухолифи сиёсии ҷомеа арзи ҳастӣ карда, ошкоро барои забти ҳокимият ба мубориза бархезанд.

Маҳз  фаъолияти ғайриқонунии ҳизбҳои навтаъсис ва ҷунбишҳои сиёсӣ буд, ки 21 июни соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби демократӣ ва Ҳизби наҳзати ислом, инчунин ҷунбишҳои сиёсии «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» бинобар сабаби даст задан ба амалҳои ғайриқунонунӣ  қатъ карда шуда буд.

Танҳо баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1999 ба фаъолияти Ҳизби демократӣ ва Ҳизби наҳзати ислом дуюмбора иҷозат дода шуд.

Аммо Ҳизби террористии наҳзати ислом ба қадри чунин гузашткарданҳову бахшиданҳо нарасид ва солҳои минбаъда аъзои ин ҳизб ба амалҳои террористии зиёд даст заданд.

Маҳз бо ҳамин сабаб 29-уми сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар қаламрави Тоҷикистон расман қатъ ва ҳизби мазкур ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуд.

Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Г.  Зокиров дар китобаш «Зӯроварии сиёсӣ» (Душанбе, 2018) таъкид намудааст, ки «мураккабтарин ва хатарноктарин зуҳури терроризм ин аст, ки дар заминаи эътиқоди динӣ хосияти соф идеологӣ пайдо намуда бошад”.

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки таъсис ва фаъолияти Ҳизби террористии наҳзати ислом, ки аз оғоз бо кӯмаки ҳомиёни хориҷӣ нақшаи нопоки зӯран ғасб намудани ҳокимиятро дошт ва садҳо нафарро ба вартаи фалокат кашид, яке аз зуҳуроти хатарноки терроризм буд, ки хушбахтона пешгирӣ гардид.

Чунонки таъкид шуд, мавҷудияти низоми бисёрҳизбӣ яке аз нишонаҳои демократия буда, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бояд барои ташаккули афкори ҷомеа ва дар маҷмӯъ баҳри пешрафти кишвар, ки дар Конститутсия ва қонунҳо муқаррар гардаанд, нигаронида шавад.

Воқеан ташаккули низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон раванди таърихӣ дошта, он яке аз нишондиҳандаҳои бунёдии давлати самти иҷтимоидошта ва низоми демократии сиёсӣ, ки метавонад кафолати ҳуқуқҳои сиёсии шахс ва гурӯҳҳои сершумори иҷтимоӣ-сиёсиро таъмин намояд, арзёбӣ мегардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>