ЭҲТИРОМ БА ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – ЭҲТИРОМ БА ГУЗАШТАИ ПУРҒАНОВАТ

unnamed

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон — Тоҷикистон соҳиби Конститутсия, забони давлатӣ, парлумони  касбӣ, Артиши миллӣ ва дорои рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардида, худро байни 150 давлати мамолики дунё ҳамчун кишвари мустақил ва демокративу ҳуқуқбунёд муаррифӣ сохт. Дар  радифи  ин муқаддасоти кишвар парчам низ дар пойдории номи давлату миллат ва шинохти он дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олӣ пайванд мегирад, метавон дар қатори ҳодисаҳои таърихӣ ва рӯйдодҳои муҳими кишвар чун оғози ҳастии давлати мустақил ва пойдории сулҳу ваҳдат арзёбӣ намуд.

Истиқболи ҷашнҳои фархунда, хусусан, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо армуғонҳои арзанда ба ҳукми анъанаи нек даромада, бо дарки баланду ифтихори ватандорӣ таҷлил карда мешавад, ки он ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ифтихор нисбати Ватан нақши муассир мебозад. Донистани таърихи парчам, эҳтироми он, арҷ гузоштан ба парчам ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳии миллӣ имрӯз ба рукни муҳими ватандориву ватанпарварӣ табдил ёфтааст.

Метавон гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ маҳсуб гардида, он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст.

Дар радифи муқаддасоти дигар парчам низ таърихи худро дорад ва он дар таърихи кишвардории мо дар мубориза бо душманони аҷнабӣ ифодагари қудрат ва матонати давлат будааст. Дар таърихи қадимаи рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод ва парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт.

Воқеан дар ҳама давру замонҳо парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери парчам-чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол сипаҳсолорон лашкарро аз майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд. Қиёмгарон, пешвоёни шӯришҳои мардумӣ халқро зери парчам бар зидди зулму истибдоди дохилӣ ва аҷнабӣ ба мубориза даъват мекарданд ва парчами муборизаро меафрохтанд.

24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Метавон таъкид сохт, ки сол аз сол қомат афрохтани Парчами миллӣ ва саҳни он дар шаҳру навоҳии мамлакат на танҳо барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, балки ба як муҳити зебову обод, созандагиву бунёдкорӣ ва майдони истироҳату фароғати сокинони мамлакат табдил ёфтааст.

Бояд зикр намуд, ки Рамзҳои давлатӣ – шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути он давлатро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандориро мебахшад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгари ғолиб ашки шодӣ мерезад.

Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар  тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида  мешаванд. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.

Дар ин росто 12 октябри соли 2017 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор истифода бурда мешавад. Яъне дар паи ин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида шуданд, ки он ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли  мардуми шарифи кишварро бо фарорасии ҷашни фархунда – Рӯзи парчами давлатӣ сидқан шодбош гуфта, барояшон равнақу барор орзу менамоям.

Мирмуллоев Н.Н. — мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>