Мо пайравони Шумоем, Пешвои муаззами миллат!

IMG-ae353346d9f83fe744eaeb2fde9d09b7-V

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ҳамин рӯз дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Чоруқдаррон”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, чорабинӣ таҳти унвони Мо пайравони Шумоем, Пешвои муаззами миллат  ва аксия “Садоқат ба Президент — садоқат ба Ватан” бо иштироки ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан”  доир карда шуд.

      Зимни баргузории чорабинӣ қайд гардид, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳои зиёд зоҳир намуда,  дар ҳама баромаду суханрониҳояш пайваста таъкид месозад, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароитҳо фароҳам оварда шавад.

     Таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  якояки ҷавононро водор менамояд, ки бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва муҳофизати Ватани азиз саҳм гузорем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>