“Парчам – Рамзи сарбаландии миллат”

20201119_150412

Дар асоси барқияи №109 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 12 ноябри соли 2020 ва дастуру супоришҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 19-уми ноябри соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  хониши сиёсӣ таҳти унвони “Парчам – Рамзи сарбаландии миллат” дар ташкилотҳои ибтидоии бахши фарҳанги назди МИҲД-и ноҳия ва Раёсати молияи ноҳия доир гардид.

Дар чорабинӣ масъулин баромад намуда, қайд карданд, ки  Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ,  рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад ва дар ҷаҳон бо баландии рекордӣ — 165 метр бардошта шудааст. Ҳамзамон дар охир иштирокдорони чорабиниро барои эҳтиром ва пос доштани ин муқаддасоти давлат, ки  яке аз вазифаҳои асосии ҳар як шахс мебошад,  даъват намуда, онҳоро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>