Парчам ҳамқадами миллати озодихоҳ буду ҳаст

unnamed

«Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад»

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи кӯҳани миллати тоҷик яке аз муқаддасоти бузург, яъне Парчам ҳамчун нишона ва рамзи озодӣ ва ватандорӣ дар тӯли таърихи панҷҳазорсолаи хеш- аз Дирафши ковиёнӣ то Парчами имрӯза имкон фароҳам овардааст, ки ин миллати сарбаланд дар муқобили ҳама таҳдидҳо бо баланд бардоштани он истодагарӣ намояд. Мо аз таърихи Дирафши Коваи оҳангар албатта бохабар ҳастем. Пас маълум мегардад, ки мардуми мо таҷрибаи парчамбардориро дошта, дар қарнҳои таърихи хеш зери ливои худ муттаҳид гардида, ба сӯи ояндаи бузург гомҳои устувор доштаанд.

Баъди чандин қарнҳо ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки соҳиби давлати озод ва соҳибихтиёр чун Тоҷикистон гардида, Истиқлолият, ки беҳтарин ва волотарин муқаддасоти миллист насиби тоҷикистониён гардид, вале ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ин хоки муқаддас оғоз гардид, ки хисороти он ногуфтанист. Аммо дар лобалои ин хатари бузург баргузор гардидани Иҷлосияи тақдирсоз ва интихоб шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари Тоҷикистон пайки умеду нишотро ба ояндаи ободи ин марзи аҷдодӣ пеш овард ва пеш аз ҳама 24 ноябри соли 1992 дар ин Иҷлосияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва дар таърихи Парчами давлатии тоҷикон ва тоҷикистониён саҳифаи наве оғоз шуд. Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон возеҳ ва равшан баён намудаанд, ки «Қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят ҳассос – нахустин солҳои таърихи давлати ҷавону тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавони тоза бахшид, эҳсоси миллиро такон дод, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро нерӯ бахшид, ки таҳти парафшонии парчами давлати озоди худ сохтори конститутсиониро барқарор намоянд.» Пас гуфтан ҷоиз астт, ки Парчами миллии мо ҳамқадами таърихии тоҷикон буду ҳаст ва ин ҳама самимиятро нисбати ин рамзи озодиву соҳибдавлатӣ дар қалбҳои пиру ҷавони кишвар баланд бардоштааст.

Бо шукргузорӣ аз фазои осоиштагӣ дар кишвари азиз имрӯз хурду бузурги мамлакатамон ин нишони сидқу сафоро баланд мебардоранд ва бо он ифтихор менамоянд, зеро зери Парчами миллӣ мардуми мо муттаҳид гардида, парафшонии он дар қалбҳои сокинони ин марзи муқаддас-Тоҷикистон ҳисси сарбаландиву накӯномӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии Меҳани беҳтар аз ҷонро баланд бардоштааст. Ин ифтихор аст, ки Парчами давлатии мо чун нишонаи соҳибихтиёриву соҳибистиқлолӣ ва арҷгузорӣ ба он дар назди бинои Созмонҳои бонуфузи Ҷаҳон, дар майдонҳои бузург дар пештоқи бинову иншоотҳои азим барафрохта шудааст.

Имрӯз Парчами давлатӣ кишвари ҷоноҷонамон Тоҷикистонро дар чорабиниҳои байналмилалӣ аз қабили варзишӣ ва сиёсӣ муаррифӣ намуда истода, ҳамчун нишонаи соҳибдавлатии мо пазируфта шудааст.

Бо ифтихор гуфта метавон, ки Парчами давлатии мо рамзи соҳибдавлатӣ, худшиносӣ ва муттаҳидии мардум аст ва миллати моро дар оғози ҳар иқдоми созандаву бузург итминони комил ва рӯҳияи ношикастанӣ медиҳад.

Фарорасии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳама муборакбод менамоем.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>