МАРДУМСОЛОР ВА ОБОДКОР

0

Ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки мактаби бузурге, ки фарзанди фарзонаи миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз обу гили сулҳу оштӣ, кохи баробарию бародарӣ, фарҳангу тамаддуни башарӣ, ақлу фаросати беназир, ахлоқи ҳамида, имони поку устувор пойдеворашро бунёд карданду баробари истиқлол дарашро ба рӯи ҳамаи сокинони кишварамон кушоданд, сабақи нодири таърихӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз ин мактаб яке аз мактабҳои пурқувватарини сиёсӣ ва ҷомеашиносии олами сиёсат мубаддал гардидааст. Дар партави ҳамин сиёсати ҷавонпарварона барои насли ҷавони имрӯз воситаву имкониятҳои фароҳам овардаанд, то хонему аз гузаштаи пурғановати худ ибрат гирем.

Иҷрокунандаи сартабиби беморхона Дадобоева Дилором дар баромадаш таъкид дошт, ки бо таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлат ва Ҳукмати кишвар масъалаи солимии модару кӯдак дар мадди аввал қарор дошта, роҳандозӣ шудани чандин барномаҳои соҳа барои рушди ташаккули тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз диду назари хоссаи Сарвари давлат буд, ки фавти кӯдакон махсусан дар давраи навтаваллудшавӣ ба маротиб кам гардидааст. Имрӯз таҷҳизоти муосире, ки дар таваллудхона амал мекунад, имкон медиҳад, ки ҳамагуна беморӣ саривақт пешгирӣ карда шавад.

Сармутахассиси кумитаи иҷроия Исмоил Латипов зимни маърӯзаи худ баён дошт, ки cолимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад. Ин дурнамо пайваста дар мадди назари роҳбарияти ҳизб қарор дорад. Ва дар ин роҳ муваффақ ҳам ҳаст.

Дар хотимаи чорабинӣ ба аъзоёни нав дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида, фаъолон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>