НАҚШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди Ватан содиқона иҷро намоянд. Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳама сохтору мақомот вааҳли ҷомеа мебошад.

Дар асоси муқаррароти моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Муқаррароти конститутсионии мазкур аз санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, сарчашма мегирад, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамояд.

Солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористи дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои ифротгароиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид аз замони соҳиби истиқлолият шуданаш дар тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткории трансмиллӣ фаъолона ширкат меварзид. Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷиноякории муташаккилона буда, вақтҳои охир ҷаҳон шоҳиди он гардид, ки террористони байналмилалӣ зери ливои экстремизми сиёсӣ ва таассуби динӣ таҷовузкорона ва фаъолона амал мекунанд.

Дар самти пурзўр намудани мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи тадбирҳои пурзўр кардани мубориза бо терроризм», Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) аз28-уми марти соли 2006, №1717, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Точикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №776 аз 12-уми ноябри соли 2016 қабул карда шудааст, аз ҷониби Маҷлиси Олӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм якчанд қонунҳо ба монанди: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ)»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» қабул гардидаанд. Инчунин Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади марказӣ мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароиро таъмин менамояд.

Дар муддати солҳои 2006-2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ташкилотҳо ташкилотҳои террористӣ ва ифротгароӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», «Ҳизбуттаҳрир», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Равияи динии Салафия», «Гурўҳи 24», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизби наҳзати ислом», ки фаъолияти онҳо дар аз ҷониби ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ҳамзамон таъкид намудан бамаврид аст, ки терроризму ифротгароӣ ба ягон дину мазҳаби расмӣ ва хусусан дини мубини Ислом ягон рабте надорад. Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои худ чунин қайд қайд карда буданд: “Террорист миллат, дин, мазҳаб ва Ватан надорад”.

Вобаста ба ин моро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд, ҷиддӣ муносибат намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Дар ин замина ҳар яки мо ҳамчун фарди ватандӯст баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намуда, оид ба хатарҳои ҷаҳонии терроризму ифротгароӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тусуссияти тунднгароёна дошта корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ намоем.

Навоиддин Носиров, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ФДТТИ.

Ҳорисҷон Додобоев, ҳуқуқшиноси ФДТТИ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>