ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛИСТ

FB_IMG_16058792445006558

Бо мақсади гиромидошти муқаддасоти кишвар ва рамзи давлатдории тоҷикон-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ намояндагон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзоёни ТҶҶ “Cозандагони Ватан” ва фаъолони ҳизб иштирок доштанд. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадина Салимзода ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода иштирок доштанд.

Номаи табрикии раиси кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз ҷониби намояндаи кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Мадина Салимзода ба ҳозирин расонида шуда, доир ба шукӯҳу манзалат ва гиромидошти Парчами давлатӣ нутқи пурмӯҳтаво ироа гардид.

         Шарифзода Туйғун ҳозиринро ба ин ҷашни  фархундаи миллӣ аз номи кумитаи иҷроия шодбош намуда, таъкид дошт, ки парчам чун рамзи муқаддас дар таҳкими худшиносиву давлатдорӣ мақоми шоистаро соҳиб мебошад. Сипас Бахтовар Абдураҳмонзода-корманди идораи суди ноҳия ва Хусрав Раҷабов-аъзои фаъоли ҲХДТ доир ба парчам, ҳуввият ва истиқлолият нутқ ироа намуданд. Дар ҳамин чорабинӣ ба якчанд нафар фаъолони ҳизб ва ғолибони озмунҳо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Зафаробод тақдим карда шуда, ба аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд. Барномаи омода намудаи фарҳангӣ ба чорабинӣ рӯҳи тоза бахшида хотири ҳозиринро болида намуд.

         Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>