Мусобиқаи варзишӣ

FB_IMG_16058808472113210

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод” мусобиқаи варзишии футболи хурд оғоз гардид. Дар мусобиқа аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, донишҷӯёну устодони муассиса иштирок хоҳанд кард. Дар маросими кушодашавии мусобиқа раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун, муовини директори коллеҷ Пирматов Далер, намояндаи МИҲД -и ноҳия Муллоев Назирҷон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Авезов Беҳзод иштирок ва суханронӣ намуданд. Мусобиқа рӯзи ҷашн ҷамъбаст гардида иштирокчиёни мусобиқа барои дарёфти Ҷоми КИ ҲХДТ, мукофоту ҷоизаҳои муассиса ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>