Парчамат парафшон бод Тоҷикистони азиз!

12

Парчам ҳамчун рамзи миллати озод ва давлати мустақил ба шумор рафта, мояи ифтихори ҳар як миллат мебошад. Ҳануз аз замонҳои қадим шурӯъ карда муқобили ҳар давлате агар душман ҳамла мекард, мардум  дар атрофии парчами хеш муттаҳид гардида, ба хотири садоқат ба Ватан қасам ёд мекарданд. Ҳамеша вазифаи парчамбардори бар дӯши шахсони интихобшуда буд ва онҳо ин рамзи давлати худро бо қиммати ҷони хеш нигаҳбони мекарданд. Ҳангоми набард ба даст овардани парчами душман қаҳрамонии бузург маҳсуб мегашт.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз дар замони Куруши Кабир соҳиби эъломияи ҳуқуқи башар гашта, аввалин шуда, парчамро бардоштааст ва он дирафш — парчами  ковиёна мебошад. Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном  дошт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ муфассал оварда шудааст, Коваи оҳангар  пешбанди худро ҳамчун парчам истифода бурда, бар зиддӣ шоҳи золим Заҳҳок бархоста, ӯро мағлуб намудааст.  Аз ҳамон замон дирафши аввалин “Дирафши Ковиёна” мегуфтанд, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдорӣ қабул карда мешавад. Ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо Дирафши хоси худро дошта аст. Дирафши аз замонхои кадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар милатту давлат буда аст, ба хотираи ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо намудаанд.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷудаст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии  Тоҷикистон, ки тақдири ояндаи давлату миллат таҳрези гардида, ба суи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани татбирҳои  зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва дертар Нишон  қабул карда шуданд.

Имруз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро  бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдори ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар , яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асоси ва муқаддаси халқи Тоҷикистон  ба ҳисоб мерафт.

Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садокат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли  2009  рузи  24-уми ноябрро Рӯзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон  доштанд.

Ба хотири мақому манзаллати Парчам дар рукни давлатдорӣ Пешвои миллат бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии  Тоҷикистон маросими бунёди  манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтумон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбии нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар марказӣ шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии он 60 м мебошад.

Парчам хануз  аз замонхои хеле кадим рамзи давлатдори шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳарфиёт навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ монданд, аз он гувоҳӣ медиҳад.

Хушбахтона бо шарофати истиқлолияти давлатии тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.

Дар ҷахони муосир доштани Парчами миллии нишони истиклолият, яке аз рамзхои асосии давлатдорӣ ва вахдати мили мебошад.

Парчами милли рамзи гироми дошти яке аз мукаддасоти  миллати  сохибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халки тоҷик барои озодиву истиқлол , илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи  миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукӯфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Парчами миллӣ имрӯз  ҳамчун  нишони азму иродаи  устувори мардум барои ободии кишавари зебоманзарамон ҳамрадифи «Дирафши Ковиён»-и  аҷдоди ориётаборамон  бо тобиши  се ранг,  ранги сурх-озодиву истиқлол , ранги сафед-сулҳу оромӣ,  ранги сабз – ободиву хуррами ва дар байни он рамзи тоҷи заррин бо хафт ситораи дурахшон  бори дигар  аз мавчудияти  тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати милли  давлату давлатдории мустакил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медихад.

Истиклолияти давлати ба мо барои тачлили пуршукухи тамоми санахои таърихи миллиамон, аз чумла гиромидошти  Парчам ва дигар рамзхову мукаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фарохам овард .

Парчами давлатии Точикистон хамкадами сохибистиклолии Ватанамон  буда дар баробари Кониститутсия,  Нишон, Суруди милли ва асъори милли аз чумлаи рамзхо ва мукаддасоти давлати махсус мешавад, ки дар ичлосияи 16-уми таърихии Шурои Олии  Чумхурии Точикистон кабул гардида буд.

Аз он рузе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёди ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобиту дӯстиву  ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳанги бо бисёр кишварҳои хориҷи густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бо нуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаланди ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Парчами миллии мо дар қатори Парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баланди ҷаҳонӣ парафшонаст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ баҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ  ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

 

Умеда Муҳитдинова

Сармутахассиси бахши

ҷавонон ва иттилооти Кумитаи

иҷроияи ноҳияи Спитамен

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>