Аз наҳзати одамкуш то паймони алайҳи миллат

126182156_436113070714086_5753566334869716165_n

Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки агар хоҳи роҳварде бошӣ, аввал маълумот гирд овар, биомӯз ва баъдан посух деҳ. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ пайравони ҳизби наҳзат дар кишвар чун сустмор ҳамеша неш бар пойи миллат мезаданду “мусулмонхоҳӣ” мекарданд ва ахиран собит шуд, ки ин афрод кӣ будаанд ва чи нақшаҳо доштанд. Дигар ин ки Халқ медонад, чӣ балое болои мардум оварда буданд наҳзатиҳо! Умуман даст дар куштор доштани наҳзатиҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба роҳ мондани дигар амалҳои террористӣ давоми солҳои дигар собиткунандаи бедиёнатии Кабириву паймониҳо ва ҳаммаслаконашон мебошад.

Ҳамин Кабирӣ, ки имрӯз аз демократияву миллат ҳарф мезанад ва наҳзатро тарк карду ташкилоти дигари “дунявӣ”-ро гуё таъсис дод, ба ибораи дигар туқумашро иваз кардаасту халос, замоне гуфта буд, ки «Мо бояд ҳувияти худро дар ислом ҷустуҷӯ кунем. Ҳар касе мехоҳад ҳувияти моро ҷустуҷӯ кунад, онро бояд дар ислом биҷӯяд» Пас куҷост он исломхоҳиҳо?Лекин Кабирӣ ҳуввияти худашро дар ислом нею дар арабҳои “Ихвонулмуслимин” дарёфта буд ва то ҳатто бародарони хеш медонист афроди ин ҳизби террористиро. Агар арабҳову давлатҳои арабӣ худашон муттаҳид ва мусалмон мебуданд ба 23 давлати алоҳида тақсим намешуданд, ва имрӯз амалҳои террористиро болои аҳолии осоишта, занону кӯдакони бегуноҳ намерехтанд. Маълум, ки Кабирӣ низ аз онҳост.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва куштори бераҳмонаи фарзонагони тоҷик, ки бо нақшаи ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ гардид ва имрӯз Кабирӣ миллат мекобад ва худро гуё гунаҳкор набуда мехоҳад ва давлати озоду соҳибистиқлоли моро танқид мекунад магар намедониста бошад, ки ҳамаи ин даҳшату офатҳоро бо чашми сар дида, сиёсатмадори шинохтаи тоҷикасли Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ қабл аз маргаш барои тоҷикони Тоҷикистон насиҳат кард: «Доштани давлат ба унвони як бистар масъалаи бисёр асосист, ҳамаи мардум бояд донанд, ки имрӯз ҳифзи давлат асл аст. Моҳияти ин гуфтаҳо ба Кабирӣ намефорад албатта, зеро имрӯз чеҳраи худро ӯ демукросӣ карданист, вале мағзи вайрон ҳамоно, ки вайрон аст.

Имрӯз Паймони миллӣ дар кишваре таъсис дода шудааст, ки сокинони он аксаран намояндагии дигар динҳоро доранд. Агар мо аз куштори намояндагии ин динҳо аз ҷониби наҳзатиҳо ва дигар амалҳои ноинсононаашон дар Тоҷикистон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдӣ ба онҳо маводҳоро ирсол намоем, яқинем, ки Кабираку сайидюнус ва чанде дигарронашон бадарға карда мешавад ва ин рӯзҳо албатта наздиканду онҳо ҷавоб хоҳанд гуфт аз амалҳои душманонаашон:

Касе, ки меҳр наварзад ба халқу меҳани хеш,

Яқин бидон, ки наёбад ба қалби мардум ҷой.

М.Ниёззода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>