Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию давлатӣ

126543365_436207150704678_6937921692217676519_n

Лозим ба қайд аст, ки дар кишварамон Тоҷикистони соҳибистиқлол мардум ба муқаддасоти милливу давлатӣ чун Парчаму Суруди миллӣ ва Нишон эҳтиром мегузоранд ва муқаддасоти миллиро нишона аз таърихи бойу рангини хеш медонанд. Махсусан ба Парчами миллӣ, ки яке аз нишонаҳои озодии миллат ва давлати тоҷикон аст ва муаррифгари кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад арҷ мегузоранд. Солҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар Парчами Тоҷикистони шӯравӣ мавриди истифода қарор мегирифт ва баъдан бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи тақдирсоз 24-ноябори соли 1992 мо ин рамзи муқаддасро қабул намудем. Яъне, миллати тоҷик аз ҳамон солҳо сар карда, бо роҳбарии Ҷаноби Президенти маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Парчами давлатӣ собитқадамона, бо умеди фардои озоду обод ва ваҳдати сартосарӣ дар кишвар гомҳои устувор гузошта шуд. Яъне ба ибораи дигар, Парчам ҳамеша ҳамқадаму ҳамнафас ва ҳамрадифи миллати мо буду ҳаст.

Ба миён гузоштани зарурияти қабули Парчами миллӣ дар он замоне, ки дар кишвар гирдоби ҷанг давр мезад аз сабки хоссаи меҳанпарварии Пешвои миллат, ки беҳамтост дарак медиҳад. Дар яке аз баромадҳои хеш муҳтарам Ҷаноби Президенти маҳбуб Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки “Қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят ҳассос – нахустин солҳои таърихи давлати ҷавону тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавони тоза бахшид, эҳсоси миллиро такон дод, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро нерӯ бахшид, ки таҳти парафшонии парчами давлати озоди худ сохтори конститутсиониро барқарор намоянд.”

Маҳз бояд таъкид намоям, ки агар чеҳраи дурахшони сиёсатмадор ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти миллат ва халқ баҳо диҳем, як решаи он эҳтиром гузоштанашон ба арзишҳои миллист, ки Парчами миллӣ дар он низ маҳсуб меёбад, яъне таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат дар раванди пиёда намудани сиёсати хирадмандонаи хеш ҳамчун ғояи идораи давлатӣ арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ буда, дар оини давлатдориашон он таҷассум ёфтааст. Ба мисоли асос ва тибқи андешаҳои сиёсатмадорони варзида, рӯй овардан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, яъне дар ҷамъ унсурҳои маънавӣ ҳамешагӣ дар шуури миллии мардум чун муҳаррик асоси ҳаёту фаъолият мебошад. Устоди зиндаёд Муҳамммадҷон Шакурии Бухороӣ дар ин маврид навиштаанд, ки “Истиқлоли фарҳангӣ ва бунёди маънавӣ шарти аввал дар таъмини бақои умри миллат аст.”

Дар умум метавон баён кард, ки муқаддасоти миллӣ аз қабили Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Суруди миллӣ, Конститутсия, Парчами давлатӣ ва Нишони миллӣ дар дилу дидаи мардум чун азизтарин арзиш қадр дорад ва дар раванди созандагиву рӯзҳои босаодати миллати соҳибтамаддун ҳамқадам аст.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

                                                                                                                                                                                                                                                                             М.Ниёззода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>