Рӯзи Президент-рӯзи ифтихор

08

Имсол Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазое ҷашн гирифта мешавад, ки маъракаи муҳимму тақдирсози кишвар -интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ифодагари  сарҷамъиву муттаҳидӣ  ва якдиливу якмаромии тамоми сокинони кишвар ҷамъбаст гардида, халқи хирадманду дурандеши Тоҷикистони  азиз, бо умеду боварии комил барои фардои неку шукуфоии Ватан ва зиндагии босаодату шоиста қадами устувор мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ин маснади арзандаи хеш аз нав интихоб гардиданд ва маросими бошукӯҳи савгандёдкунии Президенти  навинтихоби халқ бори дигар аз сулҳу ваҳдати комил, ки дар Тоҷикистон пойдору устувор аст, дар арсаи ҷаҳонӣ башорат дод. Воқеан, Президент  ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда, раҳнамо, ҳидоятгар, сарвару соябони халқ ва тӯдакаши ҷомеа ба сӯи муваффақияту пешравӣ ва рушду пешрафти кишвар аст.

Чи  хеле ки дар боби 4-ум, моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “…Президенти ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти  мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.”

Бахти баланди сокинони мамлакат буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин рисолату вазифаи пурмасъулро маҳз дар давраи ниҳоят ҳассоси кишвар, ки Ватанро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ба дӯши худ гирифтанд ва бо мурури замон мамлакати офатзадаро ба як кишвари ободу зебо ва хурраму сарсабз табдил доданд.

Аввалин баромади пурмӯҳтавои Пешвои миллат ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар Иҷлосияи таърихии 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри маданияти Арбоб аз қалб бо ғурури баланди ҷавониву ватандӯстиву ватанхоҳӣ садо дод, ба дили мардуми азияткашидаи Ватан умеду боварӣ бахшид. Аз оғози фаъолияти хеш баҳри ба даст овардани ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва расидан ба ин рӯзи босаодат ҷаҳду талош ва мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуданд, ки ҳар яки он дар саҳифаҳои таърихи Ватани азизу соҳибистиқлоламон бо ҳарфҳои зарррин навишта хоҳанд шуд.

Ҷаҳду талошҳои бузургу нотакрори Пешвои миллат тӯли 28 соли  сарварӣ баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии  Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯз Ватани маҳбуби моро ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва рушдёбанда ва аз ҷиҳати амн бехатар мешиносанду арҷ мегузоранд. Хушбахтона мардуми соҳибхиради тоҷик заҳматҳои Пешвои миллатро бо чашми сар дида истодаанд ва  дар атрофашон  бо эътиқоду, эътимоду боварӣ сарҷамъ буда, бо муҳаббати самимӣ дӯст медоранд. Ҷонибдории кулли мардуми тоҷик аз номзади арзандаи худ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 11 октябри соли равон ифодагари меҳру садоқати халқи шарифи кишвар нисбат ба  Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

Ифтихори мо — мардуми сарбаланди кишвар аст, ки Президенти мамлакат, Пешвои маҳбуби миллат сиёсатмадори баркамоли сатҳи ҷаҳонӣ буда,  мактаби сулҳофаринии эшонро тамоми давлатҳо намунаи ибрату омӯзиш эътироф намудаанд. Собиқ  дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан иброз менамояд, ки “Тоҷикистон барои бисёр масъалаҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи  сулҳоварӣ гуфтан иштибоҳ намешавад.”  Бутрос Ғолӣ — собиқ  дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид қайд мекунад, ки  “Ташаббусҳои Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои рушди минтақа, балки барои инкишофи минбаъдаи давлатҳои тараққикунандаи ҷаҳон нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз, ӯ бо ибтикори хеш ғами биёр халқҳои оламро мехӯрад” .

Дар ҳақиқат, Пешвои миллат на фақат барои ҳалли муаммоҳои дохилӣ, балки барои бартараф намудани проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ пешниҳод ва масъалагузорӣ менамоянд.  Ҳамчунин, оид ба ташаббусҳои созандаву дурбинонаи ҷаҳонии Пешвои миллат  вобаста ба масъалаҳои  об Антониу Гутерриш -дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид баён медорад, ки  “Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадр медонад. Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Худи далели он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”-ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти  олии кишвар, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хосса зоҳир менамоянд”.

Ин баҳои баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ,  роҳбарияти ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ нисбат ба иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ва халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад.

Профессор Абдуфаттоҳ  Шарифзода ва Садриддин Шамсуддинзода дар мақолаи худ  “Сиёсати муваффақи сиёсатмадори тавоно” баён менамоянд, ки  “Дипломатияи тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои  беназир ноил гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  ҳамчун кишвари ташаббускори  ҳалли масоили умдаи глобалӣ ва сулҳхоҳ эътироф гашт”.

Воқеан, самараи бобарори сулҳу ваҳдати комили кишвар баҳри ҳалли масъалаву муаммоҳои дохилии Ватани азизамон,  расидан ба зиндагии босаодату шоиста ва амалӣ  шудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, ба сомон расидани корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси воқеӣ гузошт.

Чи хеле ки дар маросими савгадёдкунӣ  санаи 30 октябри соли равон  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, дар солҳои 2013-2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз баробар гардид.

         Барои ба як кишвари воҳид табдил ёфтани Тоҷикистон ва баҳри баромадан аз бундасти коммуникатсионӣ бошад,  1500 километр роҳҳои мошингард, 190 пул, 50 километр роҳи оҳан бунёд гардида, барои рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар имконияти мусоид фароҳам омад.

         Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин марҳила бахшида ба Рӯзи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  аввалин агрегати иншооти азими аср —  Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ва сипас агрегати дуюми он,  ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғоз сарпарасти маънавии ин иншооти нодирро бар дӯш дошт, ба ҳисоб меравад.  НБО “Роғун”, воқеан  имкон фароҳам овард, ки ҳадафи стратегӣ — расидан ба истиқлилияти энергетигӣ амалӣ гардида, иқтидори энергетикии мамлакат ба  21 миллиард киловатт — соат расида, маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли зимистон бартараф карда шавад.

         Дар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон пешравиву муваффақиятҳои назаррас равшан ба назар мерасад, зеро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсияти бузургу нотакрори таърихӣ, донандаи қалбу набзи ҷомеа, роҳбари қавлу амал ҳастанд, ки хурду бузурги кишвар бо тамоми ҳастӣ самимонаву содиқона дӯст медоранд.

Мо мардуми нектолеъи тоҷикро  бо Пешвои миллат нақшаҳои бузургу созанда дар пеш аст. Пешвои миллат аз нақшаҳои дурбинонаи Ватани азизамон вобаста ба рушду пешрафти иқтисодиёти минбаъдаи кишвар дар ҳафт соли оянда  чунин баён доштанд: “Дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ — бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин намудани рушди устувор, афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна афзалият дода мешавад. Мо, бо дарназардошти рушди иқтисодиёт, барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо тадбирҳои зарурӣ меандешем”.

Ин суханони Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат барои кулли сокинони мамлакат дастур, ҳидоят ва роҳнамост. Амалӣ шудани ин нақшаҳои ояндасоз  ҳар як сокини ватандӯсту худшиносу худогоҳро водор  месозад, ки дар мавқеи худ софдилонаву содиқона меҳнат намуда, барои рушди кишвари азизамон ҳиссагузор бошем. Ватанро дӯст дорем, дар атрофи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ бошем.  Рӯзи Президенти – рӯзи халқ ва ифтихори миллат даст. Бо ифтихору фараҳмандӣ тамоми сокинони кишвари азизро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, орзуи онро дорам, ки халқ шарафманди Тоҷикистони биҳиштосо бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш ба сӯи муваффақият баҳри зиндагии шоиста қадамҳои устувор гузорем.

Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>