ПАРЧАМДОРӢ СУННАТИ АҶДОДИИ ТОҶИКОН АСТ

126173238_166656358457243_3155916957762118044_n

Барои давлати соҳибистиқлол парчам ҳамчун рамзи муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ҳувият, ягонагӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии халқро бозгӯ мекунад. Он ҳамчун мояи сарбаландиву ифтихор муқаддасоти миллиро мемонад, ки барои миллату давлатсозӣ нақши калидӣ дорад. Нақши барҷастаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар он ифода меёбад, ки он чун рамзи нангу номус, худогоҳиву ватандӯстӣ дар як вақт рисолати як нерӯи муттаҳидсозро дорад. Зери ҳамин ливо мардум ба ҳам омад ва ваҳдату оромӣ, ки асоси тамоми пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолист, ҳукмфармо гардид. Ва имрӯз низ ин муқаддасоти миллӣ илҳомбахши халқи меҳанпарасту меҳнатшиор дар ҷодаи созандагӣ буда, дар фазои суботу оромӣ, рушду тараққиёти кишвар партавафшонӣ мекунад. Ин партавафшонӣ худ башоратгари таъмини сулҳу субот, пешрафт ва соҳибистиқлолӣ аст.

     Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Парчами давлатӣ арҷ гузошта, онро чун муқаддасоти миллӣ ҳифз мекунанд. Ин арзиши воло дар Конститутияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта, мувофиқи моддаи сеюми он Парчами давлатӣ дар радифи Нишон ва Суруди миллӣ рамзи давлатии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, ҳифзу гиромидошти Парчам баробар ба ҳифзи номусу Ватан ифода меёбад.

     Оини парчамдории халқи тоҷик аз замонҳои қадим реша мегирад ва он ҳамчун расм ва суннати аҷдодӣ то ба даврони мо расидааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

“Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад”.

     Агар ба таърихи пайдоиши парчам назар афканем, он ба дуриҳои дур – даврони бостонии таърих мерасад. Боиси ифтихор аст, ки зуҳури парчам ҳамчун рамзи милливу давлатдорӣ маҳз аз ниёкони мо – мардуми ориёитабор, маншаъ ёфтааст. Чунончӣ қадимтарин ливо, ки бостоншиносон аз сарзамини аҷдодии мо пайдо намуданд, мутааллиқ ба ҳазораи сеи пеш аз милод аст. Ин ливои филизӣ акси шер ва тулӯи офтобро дар худ таҷассум карда, фалсафаи худро дорад. Яъне, дар рӯзгори аҷдодони гузаштаи мо низ парчамдорӣ бозгӯи шуҷоату мардонагӣ ва рамзи шукуфоӣ, дурахши бахту иқбол будааст.

     Нахустин ливои аҷдодии мо – тоҷикон «Дирафши Ковиён, ки ахтари Ковиён низ мегӯянд, ҳанӯз аз даврони асотир нуфузи оламшумул дошт. Дар асоси ривоятҳои асари безаволи Фирдавсӣ “Шоҳнома” ва инчунин, дигар сарчашмаҳои таърихӣ он дар замони Фаридун аз ҷониби Коваи оҳангар асос ёфта, то замони истилои араб дирафши давлатдории аҷдодони мо буд. Яъне, дар фосилаи беш аз ҳазор сол ин муқаддасот чун рамзи пирӯзӣ, баҳамоии ақвоми ориёинажоди мо хидмат кардааст.

     Садоқату эҳтироми мардум ба дирафш ончунон зиёд буд, ки натиҷаи пирӯзиву муваффақиятҳои пайваста дар умури давлатдориро аз баракоти ин муқаддасот медонистанд. Чунончӣ дар “Таърихи Табарӣ” омадааст: “…онро ба фоли нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар бузургдошти он кўшиданд, то ҷое, ки ин дирафш дар назди подшоҳони Эрон бузургтарин дирафше  шуд, ки аз он  хайру баракат меҷустанд ва онро  «Дирафши Ковиён» меномиданд”.

     «Дирафши Ковиён» ҳамчун мояи ифтихор ва рамзи давлатдории давлатҳои Ҳахоманишиҳову Ашкониён ва Сосониён хидмат намуда, имрӯз намо ва мазмуну моҳияти он дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан таҷассум гардидааст. Чунончӣ аз парчами давлатии Ҳахоманишиҳо, ки ороишашро шилшилаҳои сурху сафеду сабз ташкил додааст, бармеояд, намои Парчами давлатии имрӯзаро дорад. Пешвои муаззами миллат ба ин маънӣ таъкид кардаанд: “Парчами миллӣ, имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши cе ранг — ранги сурх – озодии истиқлол, ранги сафед — сулҳу оромӣ, ранги сабз — ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад”.

     Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2006 рӯи кор омад, дар худ рамзи “Дирафши Ковиён”-ро ҷой додааст, ки ба ҳақиқати илмиву таърихӣ созгор мебошад. Зеро муборизаву ҷоннисориҳои рустамонаи Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ойини бостонии давлатсозиву миллатсозӣ асос ёфтааст. Талошу ҷонбозиҳои Президенти кишвар буд, ки давлати тозабунёд аз вартаи ҳалокат раҳо ёфт, халқ зери парчами сулҳу пирӯзӣ саф кашид.

     Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард, аз дастоварди ин неъмати бузурги таърихӣ хеле дер бархурдор гардид: душманону нотавонбинони миллат ба сари мардум ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карданд. Нобасомониҳои сиёсӣ натанҳо боиси ақибмонии давлату миллат аз пешрафту тараққиёт гардид, балки наздик буд давлатро ба таназзул дучор созад.

     Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1994 дар Қасри Арбоби Хуҷанд доир шуд, барои пешгирии низои дохилӣ, барқарор намудани пояҳои фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватан ва ниҳоят таъмини сулҳу ваҳдат барои мо роҳ ҳамвор кард.

     Қарори оқилонаву дурбинонаи вакилон пеш аз ҳама дар интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир гардид, ки минбаъд ин шахсият тавонист дар бароварда кардани тамоми хостаҳои халқ даст ёбад. Воқеан, ин рисолати таърихиву мондагорро Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва минбаъд ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона ба ҷо оварданд.

     Бояд махсус таъкид кард, ки дар саргаҳи бунёди аркони давлатдорӣ, аз ҷумла, рамзу муқаддасоти он бо ташаббусу ғояҳои дурбинона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд. Чунончӣ дар душвортарин марҳилаҳои таърих қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ бо ибтикору талошҳои Сарвари давлат ба вуқӯъ пайваста, ҳар яке вазифаҳои муҳимеро дар бунёди давлату сарҷамъии миллат адо намуданд.

     То соли 1994 масъалаи қабули Парчами давлатӣ ба баҳсу мунозираҳои зиёд печ хӯрда, ҳамеша ин иқдом ба дарозо мекашид. Маҳз дар Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкур ба миён гузошта шудаву тариқи райъпурсии умумихалқӣ мақбули халқ гардид.

     Бешак, қабули Парчам нерӯву тавоне буд барои мардум, ки бар ноҷуриҳои замон муттаҳидона дастболо гарданд ва зиндагии ободу шоистаеро, ки имрӯз доранд, дар фазои сулҳу ваҳдат соҳиб шаванд.

     27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи  давлатдории тоҷикон саҳифаи тоза боз шуд. Ҷанги бародаркуш хотима ёфта, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаёт маҷрои нав гирифт. Ин дастоварди бузурги таърихӣ барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ замина фароҳам овард ва минбаъд марҳила ба марҳила истиқлолияти комили кишвар таъмин гардид. Аз рӯи баҳои таърих ба даврони навини давлатдорӣ, барои инкишофу пешрафти минбаъдаи кишвар се воқеаи сарнавиштсозу дастоварди муҳими таърихӣ нақши калидӣ бозидаанд.

     Нахустин дастовард расидан ба Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб мешавад. Вале бинобар носозгориҳои замон пояҳои он осебпазир гардида, ҳар лаҳза мувоҷеҳ ба хатар буд. Маҳз ба шарофати Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи ин дастоварди нодир заминаҳо фароҳам омаданд. Ва сониян, нақшаву ниятҳои дастёбӣ ба ваҳдату сулҳ низ аз минбари иҷлосия садо дода, дар зудтарин фурсат амалан татбиқ гардид. Бинобар ин, ин се рӯйдоди фараҳбахш таҳкимбахши якдигар буда, дар маҷмӯъ омили зиндагии босаодати имрӯзаи халқ мебошанд. Ва дар ҳамаи ин марҳилаҳои ҳассос Парчами давлатӣ мардумро ба сӯи нусрату зафар ҳидоятгар буд. Чунончӣ Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ қайд карданд: «Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад».

     Парчами давлатӣ дар худ таъриху тамаддуни ҷаҳонгири тоҷиконро дарҷ кардааст. Ранг ва аломатҳое, ки дар Парчам инъикос шудаанд, ҳар яке мазмуни амиқ дошта, мӯҳтавои онҳо таърих ва принсипиятҳои он, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, мавқеияти ҷуғрофӣ ва ғайраро ифода мекунанд.

     Дар баробари он, ки парчам таҷассумкунанда ва муаррифигари симои сиёсии кишвар дар сатҳи байналмилал аст, ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандӯстӣ аҳамият ва нақши комил дорад.

Махсусан, дар замони ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва густариши зуҳуроти номатлубе чун терроризм ва экстремизм ҳифзи арзишҳо ва эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бештар аз ҳарвақта тақозо мешавад.  Дар боло марҳилаҳои тайкардаи таърихи давлатдории навини Тоҷикистонро мухтасаран ба қалам додем ва ҷоиз аст, маҳз дар ҳаминҷо аз он воқеот ба худ хулосае ҳосил кунем. Маҳз ноогоҳӣ, кӯтоҳандешӣ ва паст будани маърифати сиёсии иддае буд, ки давлату миллат андармони мушкилиҳо шуд. Бо гузашти қариб 30 сол мебинем, ки имрӯз ҳам осоиштагии мардум аз ҳамингуна таҳдиди хатарҳо орӣ нест.

     Моро зарур аст ҳамеша дар андешаи ҳифзи суботи сиёсӣ дар кишвар бошем. Арзишҳои ҳадяи таърихро пос дорем ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Моҳияти таҷлил аз Рӯзи Парчами давлатӣ ҳам дар ҳамин ифода меёбад, ки ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии ҷомеа ва хусусан ҷавонон баланд бардошта шавад. Зери ливои бахту саодат муттаҳид ва аз пойдории Истиқлол ва Ваҳдати миллат ҳамеша пуштибон будан кафили саодату хушрӯзиҳои халқ хоҳад аст.

     Боиси ифтихори бузург аст, ки соли оянда 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои ҳукмрони сулҳу субот ва зери Парчами оламшумули ватанамон таҷлил мекунем. Ин ҷашни бошукуҳ, ки пойдевори ҳастиву бақои миллат аст, ба ҳар фарди соҳибдилу хештаншинос башорат медиҳад, ки дар ҳифзу таҳкими арзиши волои зиндагӣ – соҳибистиқлолӣ бештар аз ҳарвақта саъю талош варзем.

     Ба шарофати солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави кишвар корҳои бузурги созандагӣ амалӣ мегарданд, ки аҳдофашон пеш аз ҳама, шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам кардан ба халқ мебошад. Дар радифи садҳо иншооти таъиноташон гуногун дар шаҳру навоҳии кишвар майдонҳои Парчами давлатӣ бунёд гардида, ҳусни диёрро афзун мекунанд. Чунин эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ғояҳои маънависоз ва маърифатпарваронаи Пешвои миллат маншаъ мегирад. Ҳанӯз соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами давлатӣ бо пояи 165-метра бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар ҷаҳон назир надорад. Партавафшонии бузургтарин парчам дар ҷаҳон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дили кишвари азизамон, шаҳри Душанбе муждаи Истиқлолу Ваҳдат ва пирӯзиву иқболи баланди халқи тоҷик аст. Бигзор, Парчами давлатӣ абадан чун нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ партавафшон бошад. Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,

Ректори МДТ “ДДХ ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров”,

доктори илмҳои таърих, профессор

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>