РИСОЛАТИ СОЗАНДАИ ҲИЗБИ ҲАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

130749978_222193399373603_4680708659498074524_n

Вақте, ки мо дар мавриди ҳизби сиёсӣ ҳарф мезанем ва ё андеша меронем, бояд ин нуктаи бунёдӣ ҳамеша мавриди назар бошад, ки ҳизб ташкилоти ҷамъиятиест, ки бо мақсади таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа тавассути ташаккул ва ифодаи иродаи сиёсии онҳо, иштирок дар ҳамоишҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, интихоботу раъйпурсиҳо, инчунин, ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ таъсис дода мешавад.

Ҳадафи асосии ҳизби сиёсӣ ин:

-ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ;

-маърифати сиёсӣ ва тарбияи шаҳрвандон

-ифодаи назару андешаи шаҳрвандон доир ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, расонидани ин андешаҳо ба таваҷҷуҳи ҷомеа ва мақомоти давлатӣ;

Пешбарии номзадҳо дар интихоботи зинаҳои гуногун, вазифаҳои баландпояи ҳокимияти иҷроия, мақомоти қонунгузори ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимият аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ бо ибтикор ва тасмими Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамин арзишҳои бунёдии демократӣ таъсис ёфт, ки дар марҳилаи хеле душвор ва мураккаби сиёсӣ ҷиҳати муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа хизмати арзишмандеро анҷом дод.

Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар суханронии худ дар Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, ки моҳи феврали соли 2019 баргузор гардид доир ба зарурати таъсиси ҳизб ба таври хеле возеҳу равшан андешаҳои худро баён намудаанд: “Тавре дар хотир доред, ҳанўз дар айёми бисёр ҳассос — замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месўхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурўҳҳои мухталифи ҷомеа бошад.

Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем.

Баъди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии кишвар ва бо дарназардошти назару андешаҳои табақаҳои мухталифи ҷомеа ба хулосае омадем, ки тарҳи ҳизби нави сиёсиеро омода намоем, ки тавонад ҳизби ормонҳои мардумӣ бошад, дар меҳвари идеяи созандаи худ қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рўҳониёнро муттаҳид созад.

Дар ин замина, тарҳи Ҳизби ХалқииТоҷикистонро, ки баъдтар вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа онро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номидем, омода сохтем ва фикр мекунам, ки иштибоҳ накардем.

Баъдтар, раванди муборизаҳои сиёсӣ дар ҷомеа собит намуд, ки аҳзоби сиёсие, ки барномаи худро бар асоси ақидаи як гурўҳи маҳдуди сиёсӣ, мисли атеизм ё исломгароӣ роҳандозӣ намуданд, муваффақ нагардиданд ва қисми зиёди ҷонибдорони худро аз даст доданд».

Пешниҳод ва назару андешаҳои Пешвои миллат, ки ифодакунандаи афкори қишрҳои мухталифи ҷомеа мисли: зиёиён, коргарону кишоварзон, соҳибкорон, рўҳониён, бонувон, ҷавонон буд, дар меҳвари ғояҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор гирифт, ки ба ҳайси як омили муҳими муттаҳидкунанда нақши хеле бориз дошт.

Агар таърихро ҳамчун арсаи тағйироту руйдодҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ намоем, пас дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму усувории пояҳои он нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Пешвои миллат ташаккул ёфт, хеле бузург ва барҷаста аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо саъю талошҳои пайвастаи сарвари сиёсии худ дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муназзам ва устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, дар байни мардум сазовори обрў ва эҳтироми шоиста гардид. Зери роҳбарии хирадмандонаи сарвари нобиғаи хеш, тавассути фаъолияти пурсамар, талошҳои созанда, ҳифзи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин дар шароитҳои тақдирсози таърихӣ, ки ҷасорату матонати бемислро тақозо мекарданд, дар ҷомеа мақоми ҳизби роҳнаморо соҳиб шуд.

Комилан аён аст, ки Пешвои миллат, Сарвари муаззами ҳизб дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу тақдирсози таърихӣ масъулияти бузурги бунёд ва таҳкими пойдевори низоми нави давлатдориро ба дўши худ гирифта, бо қабули қарорҳои муҳиму калидӣ, татбиқи воқеии онҳо дар як марҳилаи кўтоҳи таърихӣ кишварро аз хатари маҳвшавӣ наҷот доданд ва Тоҷикистон дар радифи кишварҳои фазояш амну ором ва рў ба тараққӣ қарор гирифт. Бешак ҳақ ба ҷониби он соҳибназароне аст, ки кору пайкори Роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар радифи шахсиятҳои бузурге, ки дар тақдири миллат нақши муҳиму бориз доштанд, қарор додаанд.

Табиист, ки аксари ҳаводорон ва ё рақибони ҳизб гоҳҳо бо мақсади сабақомўзӣ ва баъзан аз рўи ҳасаду нотавонбинӣ пайваста ҷўёи посух ба саволе ҳастанд, ки омилҳои маҳбубияти ҳамешагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Сарвари ҳизб аз куҷо маншаъ мегирад?

Дар умум ин омилҳоро ба се бахш метавон гурўҳбандӣ кард. Аввалан, ҲХДТ ҳамеша дар лаҳзаҳои мушкилу печидаи ҳаёти ҷамъиятӣ иродаи матини пешниҳоди аз чунин вазъиятҳо баромаданро бо ҳисси масъулияти баланд ба зиммаи худ гирифта, маҳбубияташро миёни мардуми ин сарзамин афзудааст. Агар тасвири ин лаҳзаҳоро дар оинаи таърих пеши назар орем ба хубӣ мебинем, онҳо лаҳзаҳое буданд, ки дар бисёр мавридҳо ҳисси ноумедию ҳаросро дар кунҷи дили бештари мардум ҷой медоданд, вале боз ҳам ҳамон иродаи масъулиятшиносию ташаббускории ҳизб онҳоро ба уммеду бовармандӣ нисбати имрўзу ояндаи давлатамон ҳидоят мекард. Мисолҳо дар ин маврид хеле зиёданд ва аз намунаҳои равшани он посухи муносиби ҷомеаи мо ба гурўҳҳои иртҷоие, ки мехостанд сулҳу ваҳдати миллиро халалдор сохта, дар ҷомеа тухми нифоқу хушунатро сабз кунанд ва ё агар аз гузаштаи начандон дур мисол орем, таҳдиди вусъатталабонаи вабои ҳамагири COVID-19 ба шумор меравад, ки рақибони сиёсии мо мехостанд аз он як ҳангомаи сиёсӣ созанд. Дар ин маврид ҳам, бо такя аз таҷрибаи андухтаи ҷомеасозии амалгароёна Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист бо дастури Раиси муаззами худ, мардумро дар атрофи ҳукумат муттаҳид созад ва тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намояд. Дар баробари тадбирҳои андешидашуда, инчунин, иқдомҳои шуҷоатмандонаи Пешвои миллат, ки дар дар марҳилаҳои хуруҷи ин вабои ҳамагир дар байни мардум қарор доштанд, асари тарсу ноумедиро аз байн бурд. Ин қазия бозгўи он аст, ки дар ҳоли таъмини иттиход ва ҳамраъйии ҷомеа, низоми амниятии кишвари мо алайҳи чунин хатарҳо ҳамеша пойдор ва устувор бошад.

Омили дигари ҳамеша дар атрофи арзишҳову ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона муттаҳид шудани мардуми кишвар ба он бастагӣ дорад, ки арзишҳои олии ватанпарварӣ, инсондўстӣ, илммеҳварӣ ва аз ҳама муҳим арҷ гузоштан ба таърихи фарҳанги ғановатманди миллӣ, аз арзишҳои меҳварии ҳизби мо маҳсуб мешавад. Яъне талошҳои дар канори мардум будани ҳизб танҳо ба хотири ба даст овардани имиҷи сиёсӣ набудааст, балки чунин амал аз сиёсати мардумсолории Роҳбари муаззами он ва ғояҳои бунёдиву барномавии ҳизб сарчашма мегирад.

Бинобар ин, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Сарвари онро кулли сокинони кишварамон ба унвони «мардумӣ» эътироф кардаанд ва дар асоси иродаю боварии самимӣ атрофи онҳо муттаҳид мешаванд. Зеро унсури асосии мутаҳидсозию ба фаъолияти созанда раҳнамун сохтани ҷомеа пеш аз ҳама, дар асоси дарку амалисозии талаботу манфиатҳои мардум ба даст меояд. Далели барҷастаи чунин иқдоми наҷиб, яъне ҳамеша дар байни мардум будан, зимни сафару мулоқотҳои Раиси муаззами ҳизб ба тамоми гўшаву канори кишвар, пайваста ба назар мерасад. Чунин тарзи муносибат имконияти амиқ дарк намудани талаботу манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеаро фароҳам меорад, ва ин ғамхориро ба таври воқеӣ эҳсос мекунанд, бо чашми худ мебинанд ва шарики фаъоли ташаббусҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мешаванд.

Омили дигаре, ки дар татбиқи ҳадафҳо нақши калидӣ дорад, қонеъ гардонидани ниёзҳои мардуми кишвар, роҳандозии ташаббусҳо дар бахши иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст, ки мақсади ниҳои аз он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Ба шарофати саҳми сазовори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеаи муосир суботи макроиқтисодӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар давраи татбиқи барномаи қаблии фаъолияти он ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД) қариб 2 маротиба афзоиш ёфт. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар кишвар аз 41 фоизи соли 2011 то 30 фоиз дар соли 2020 коҳиш дода шудааст.

Мақсади асосии ҳизби мо дар бахши иқтисод фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими неру ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Тавре, ки дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сабт шудааст, минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолот, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир ва амалӣ афзалияти бештар дода мешавад.

Нуктаи муҳимми дигаре, ки дар барномаи ҳизб омадааст, таъмини рушди баробари минтақаҳои кишвар аст. Яъне, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар барномаи амалии худ рушди баробари ҳамаи минтақаҳои кишварро пешбинӣ менамояд. Тавре маълум аст, ҳатто дар даврони Шўравӣ, ки имкониятҳои иқтисодӣ ва молиявӣ хеле густурда буданд, нобаробарии рушди минтақаҳои кишвар баръало эҳсос мешуд. Аммо, ҳоло ҳизби мо дар доираи сиёсати созандаи Роҳбари муаззами хеш ҳадаф гузоштааст, ки ин масъаларо дар меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳад.

Дар баробари ин, як силсила омилҳои дигаре низ мавҷуданд, ки боиси маҳбубияту эътибори ҳизб гардидаанд, вале мутаассифона дар доираи як мақола шарҳу тавзеҳ додани он ғайриимкон аст.

Соли 2020 барои кулли мардуми Тоҷикистон, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли санҷишҳои таърихӣ буд. Зеро дар таърихи даврони истиқлолияти кишвар нахустин маротиба дар як сол ду маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Иоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Мо шоҳиди он будем, ки буҳрони иҷтимоииву иқтисодӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва дар натиҷаи он барҳам хўрдани низоми хамкориҳои байналмилалӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифта буд, боиси ноором гардидани фазои сиёсии баъзе кишварҳо гардид. Сиёсатмадорон ва коршиносони тамоми дунё ба Тоҷикистон нигарон буданд, ки мардуми кишвар дар ин вазъи мураккаб маъракаҳои сиёсиро чи гуна ва бо кадом руҳия баргузор менамоянд.

Хушбахтона ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд доир гардида, мардуми мамлакат бо як иттиҳоду ҳамраъйи бори дигар собит намуданд, ки ҷонибдори сиёсати созандаи Пешвои миллат буда, ба ояндаи дурахшон ва фазои амну ороми кишвари хеш овоз медиҳанд.

Интихоботҳои гузашта муайян намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои калидии худ, маърифати сиёсии ҷомеа ноил гардида, тайи солҳои охир фарҳанги сиёсии шаҳрвандон дар сатҳи зарурӣ тақвият ёфтааст ва онҳо мавқеи худро мустақилона ва бидуни фишору таъсиррасонии беруна муайян менамоянд. Маҳз боло рафтани шуури сиёсии мардум моро водор ба он месозад, ки фаъолиятҳои таблиғотиро вусъат бахшида, дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳмгузор бошем.

Интихоботи Президенти кишвар собит намуд, ки Раиси муааззами ҳизбамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти хоссае миёни ҷомеа бархурдоранд. Маҳз ҳамин маҳбубияти Пешвои миллат ва Раиси муаззами ҳизб омили асосии мувафақияту комёбиҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки инро тамоми ҷомеа эътироф менамояд.

Дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2020-2025 қабул гардидааст ва самтҳои афзалиятноки пешрафти кишвар ва фаъолияти ҳар яки моро муқаррар менамояд, ба масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки “Вазифаи ҲХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд”.

Маҳз ҳамин муқаррарот бояд маҳаки асосии фаъолияти моро дар фаъолиятҳои минбаъда ташкил диҳад.

Соли оянда мо 30 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумурии Тоҷикистонро таҷлил мекунем. Бинобар ин, ҳамаи чорабиниҳои оммавию сиёсӣ бояд ба таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсӣ мусоидат намоянд. Ин масъаларо ҳар як корманди масъули ҳизб, аъзо ва ҷонибдорони он бояд дар мадди назар дошта бошанд, таваҷҷўҳи дигар табақаҳои иҷтимоӣ ва доираҳои сиёсиро бо ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб намоянд.

Нақши аҳзоби сиёсӣ, бахусус мавқеъ ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ҷомеа нуфузи хосса дорад, барои солимгардонии афкори мардум ва ба самти муайян сафарбар намудани онҳо аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад. Дар ин росто, ҳадафи аслии ҳизби мо ҷалби мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тўли фаъолияташ пастию баландиҳо, мушкилоту проблемаҳо ва дастоварду пирўзиҳои зиёдеро дидааст. Имрўз таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба як ниҳоди тавоное табдил ёфтааст. Дар сафҳои он қариб 500 ҳазор нафар аъзо муттаҳид гаштааст. Ин неруи қудратманд боз садҳо ҳазор нафар ҷонибдор дорад. Ҳамин аст, ки дар интихоботҳо аз ҷонибдорӣ ва дастгирии аксарияти мардум бархўрдор мешавем. Мо бояд ба ин неруи бузург такя намоем ва пайваста кўшиш ба харҷ диҳем, ки бо фаъолияти созандаву бунёдкоронаи худ дар ҷомеа эътибор ва маҳбубият дошта бошем. Аз дастовардҳои худ саргарм нашавем ва бо меҳнати суботкорона дар пайи ислоҳи камбудиҳо бошем. Бояд ин нуқта ҳамеша мавриди назар бошад, ки ҷомеа хамеша ба пешравӣ ва таҷдид ниёз дорад, мо низ ҳанўз камбудиҳо зиёде дорем, ки дар ҳалли онҳо бояд талош намоем. Аз фаъолияти худ ҳаргиз қонеъ набошем ва вобаста ба рушди ҷаҳони муосир дар фаъолияти худ тарзу усулҳои навро истифода намоем.

Рушду нумўи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ, эътироф нагаштани афкори сиёсии ҳеҷ кадом аз ҳизбу ҳаракатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ ва созмонҳои дигар ба сифати мафкураи давлатӣ аз дастовардҳои муҳиме мебошанд, ки татбиқи меъёрҳои демократӣ ба он ноил гаштем. Бояд тазаккур дод, ки ҲХДТ мутобиқи талаботи Конститутсия, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ фаъолият карда, аз тариқи намояндагонаш дар ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ иштирок менамояд.

Дар Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамаи паҳлўҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа инъикоси худро ёфтааст. Мушкилоти мардум дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб қарор дошта, барои ҳаллу фасли он аъзои ҳизб ва созмонҳои ҳизбӣ бояд ҳамеша тадбирҳои муассир андешанд. Ҳам вакилони мардумӣ аз фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парлумон ва ҳам кормандони масъули ҳизбии мо бо интихобкунандаҳо пайваста мулоқотҳо доир намуда, аз мушкилоту ниёзмандиҳои мардум огоҳ шаванд.

Дар ҳар як ташкилоти ҳизбии шаҳру навоҳӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ фаъол ҳастанд, ки онҳо низ ҳар кадом муроҷиату пешниҳоди корафтодаҳоро омўхта барои баррасӣ ва чорабинӣ ба ташкилотҳои дахлдор равона мекунанд. Ин самти кор яке аз бахшҳои асосии фаъолияти ҳизб маҳсуб гардида, бояд ҳамеша мавриди назар қарор дода шавад. Ҳизби мо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бояд дар байни мардум ва шарики ғаму шодии онҳо бошад. Зеро таъкиди Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ”Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии ватан саъю талош меварзад”.

Тавре, ки дар оғози матлаб ёдовар шудем Сарвари муҳтарами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои аввали таъсиси он иброз дошта буданд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб муттаҳид кардани он нерўи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ буд, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ мутаррақӣ ва шароити арзандаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талош варзад. Барои анҷом додани чунин рисолати пурифтихор ҳар як аъзои ҳизб бояд масъулияти бузург эҳсос кунад ва дар навбати худ вазифадор аст, мардумро барои чунин амри хайру созанда, ки ободии кишвар ва амнияти ҷомеа аз он вобаста аст, ташвиқу сафарбар намояд. Чунки шиори мо “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” аст ва мо ҳамеша ба он содиқ хоҳем буд.

Абдуҷаббор АЗИЗӢ,

муовини якуми Раиси ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>