ДУСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ИМОН АСТ

Дӯст доштани Ватан, муҳофизати он аз душман ва хизмати содиқона ба халқу миллат аз имон аст. Садоқат ба Ватан, ободу зебо гардонидани  он бошад, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Ҳар шахси поквиҷдону боимон бояд ҳисси баланди ватандӯсти дошта, нисбати тақдири  он масулиятшинос бошад. Мо бояд дарк намоем, ки нигоҳдоштани сулҳу субот, таъмини тинҷиву осоиштагӣ вазифаи асосии ҳар шахси ватандӯст мансуб меёбад.

     Бетарафи самараи талх дорад. Аз ин рӯ нагузорем, ки сари фарзандони моро гаранг намуда,  барои иштирок дар ҷангҳои маҳсаби ба дигар давлатҳо  гирифта баранд. Куштори мардуми осоишта, валангор намудани манзилу макони обод, сухтори шаҳру деҳот ғорати  аҳли ҷомеа мақсаду мароми асосии террористу экстремист ба шумор меравад. Террорист миллат, дин ва масхаб  надорад.  Душмани  дохилию хориҷӣ ва мунофиқ мисли  каждуми зери бурё  хилъати зуҳду тақво ба бар карда, аз номи дини мубини Ислом сухан  мегӯяду  неши  заҳрогин ба инсон мезанад. Аз ин рӯ мову шуморо зарур аст, ки роҳи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш ва амнияту суботро пеш гирифта, аз низову тафриқа дури ҷӯем, бетарифиро як сӯй гузошта, нисбати амалҳои зишти душманон ҳушёру зирак бошем.

Абдураҳим – аъзои гурӯҳи тарғиботӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>