26-соли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборак!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар айёми ҷанги дохили кишвар таъсис ёфта, ба саҳнаи сиёсии ин кишвар ворид шуда, нахустин ташаккули сиёсии миллӣ дар оғози давраи истиқлолият мебошад.

             Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, таввассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнаш ҳамчун омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Ҳизбе, ки  бо ҳидояти Пешвои хирадманди хеш Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи озодию демократия, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфта буд, тамоми марҳилаҳои ҳассос ва сарнавиштсози таърихиро сарбаландона тай намуда, имрӯз ба як нерӯи тавонову созанда ва муттаҳидсозӣ ҷомеаи миллии кишвар, саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбари бохирадаш дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар намоён аст ва ин аст, ки мардум сиёсати пешгирифтаи роҳбари ҳизбамонро, ки мароми он созандагию бунёдкорист, ҷонибдорӣ менамоянд ва бо як ихлос ва иродатмандӣ қисмати худро бо ин ҳизб мепайванданд.

        Мақсади асосӣ аз созмон додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ин муттаҳид намудани тамоми нерӯи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ, ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутараққӣ, ки манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя карда тавонад.

        Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон комилан сохтор ва шеваи фаъолияти ба худ хосро дорост, ки дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ шинохта шудааст. Дар воқеъ, барнома ва стратегияи давлат, меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.

        Доир ба таърихи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои миллат, Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханарониҳояшон ба таври мушаххас нуқтаҳои ҷолибро ёдрас намудаанд: “Ҳанӯз дар айёми бисёр ҳассос — замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад.

       Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем. Баъди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии кишвар ва бо назардошти назару андешаҳои табақаҳои мухталифи ҷомеа ба хулосае омадем, ки тавонад ҳизби ормонҳои мардумӣ бошад, дар меҳвари идеяи созандаи худ қишрҳои гуногуни ҷомеа-зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рӯҳониёнро муттаҳид созад”.

      Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон заминаи ичтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии қавӣ дошта, дар давоми 26-сол он ба як нерӯи сиёсии мустаҳкаму фарогире табдил ёфт. Дар давоми ин солҳо ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири амиқ гузошта, дар комёбиҳои солҳои истиқлолияти мамлакат саҳми арзандаи худро гузоштааст. Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияташ пастиву баландиҳо, мушкилоту проблемаҳо ва дастоварду пирӯзиҳои зиёдеро дидааст. Имрӯз ҳизб зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ташкилоти тавоно табдил ёфтааст.

         Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки айни ҳол аъзоёни он зиёда аз  500 ҳазорро ташкил медиҳад.    Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен бошад 5 марти соли 1997 дар ҳайати 11 нафар таъсис дода шуда, яке аз аввалин кумитаҳои иҷроия дар ҳудуди вилоят ба шумор меравад. Тӯли  26 соли фаъолияти пурсамар сафи аъзоёни ҳизб ба маротиб афзуда, алҳол 6281 нафарро дар бар мегирад.

               Дар давоми чоряк асри фаъолияти пурсамар кумитаи иҷроияро афроди барӯманду соҳибном — Иномҷон Тӯрабоев, Соҳиба Юлдошева, Носир Акмалов, Ҳафизулло Раҷабов, Манзура Назарова, Каромат Маҷнунова, Шӯҳрат Гадоев сарварӣ намуда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки обрӯву эътибори ҳизбро  боло бардошта ҳадаф ва сиёсати бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар байни ҷомеа пиёда намоянд.  Дар остонаи 26 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тамоми онҳое, ки дар таъсис ва таҳкими он саҳм гузоштаанд, ёдовар шудан ҷоиз аст. Кишвари азизи мо шахсони фарзонаи худ мефахрад. Дар ҳар як гушаи ҷумҳурӣ ҳастанд онҳое, ки барои баланд бардоштани нуфузи ҳизб таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  талошҳо кардаанд.   Ба ҳар яки онҳо, ба фаъолони гузаштаву ҳозира сари таъзим фуруд меорем.

                        Ойбек Насруллозода,

                        Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии

                        Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>