ЭҲТИЁТ ШАРТ АСТ

Fotoram.io (8)

Чанд ҳафтаи охир бо сабаби кам ба қайд гирифтани бемории сироятии КОВИД -19 теъдоди зиёди шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбон ва бозорҳо бе ниқоби ҳимоятӣ гаштугузор карда истодаанд.Хосатан дар остонаи соли нави милодӣ бозори марказии “Панҷшанбе” аз савдогарону харидорон аст. Вобаста ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ нимаи дуюми имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Заррина Манонова, Эҳсон Исоев ва Исмоил Латипов  ба бозори мазкур рафтанд. Зимни гуфтугузор бо сокинон зарурати худро эҳтиёт кардан бо мисолҳои возеҳ фаҳмонда шуд. Таъкид гардид, ки танҳо мо дар сурате ба ин беморӣ зафар меёбем, ки худ ва атрофиёнро эҳтиёт намоем.

Вобаста ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ муроҷиатномаи кумиҷроияи шаҳрӣ ва ниқоби ҳимоятӣ ба шаҳрвандон тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>