ТАБРИКОТИ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ИСМОИЛЗОДА Зуфар Муртазохон ба муносибати Соли нави мелодии 2021

Исмоилзода З.М. 2

Ҳамсафони азиз ва кулли сокинони вилоятро бо фарорасии Соли нави мелодии 2021, пеш аз ҳама, аз номи худ ва аз номи Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд табрику таҳният мегўям.

Соли 2020, воқеан, барои мардуми сарбаланди вилояти мо, аз ҷумла, барои аъзои ҲХДТ соли фаромўшнопазир, пур аз комёбиву муваффақиятҳо ва хотирмону бобарор маҳсуб меёфт. Яке аз воқеаҳои муҳими сол дар рўзи нахусти баҳор дар сатҳи баланд ва дар фазои орому осуда баргузор гардидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Боиси хушнудист, ки дар он номзадон аз ҲХДТ пирўзӣ ба даст оварданд. Дигар рўйдоди муҳими таърихӣ он аст, ки 11-уми октябри соли 2020 дар интихоботи Президентӣ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92% овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2020 ҷашнҳои бузурги миллӣ – Наврўзи оламафрўз, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500-солагии Саразми бостонӣ, Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд доир гардиданд, дар ёду хотироти сокинони вилоят, бахусус, ҳизбиён ҳамчун воқеаҳои фараҳбахши сол нақши муассир хоҳад гузошт.

Тўли 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат ба шарофати қадами мубораки Ҷаноби Олӣ дар ҳама гўшаву канори кишвари азизамон минтақа амну оромӣ, ободкориву бунёдкориҳо ба амал омада истодааст. Аз ин рў, метавон гуфт, хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи кишвари азизамон, барқарорсозии сулҳу суботи пойдор хеле бузурганд. Маҳз Пешвои миллат дар партави сиёсати хирадмандонаашон тавонистанд, миллати парешонро сарҷамъ намоянд. Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон замоне сари қудрат омаданд, ки ҷанги таҳмилии дохилӣ кишварро дар маърази нобудӣ қарор дода буд ва он кас устуворонаву мардона ба арсаи қудрат по гузошта, миллату кишварро аз чанголи нобудӣ раҳо намуданд.

Созандагиву бунёдкориҳо дар вилояти Суғд низ дар ин солҳо вусъати тоза пайдо карданд. Бахусус, дар соли 2020 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташаббуси Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар тамоми минтақаҳои вилоят ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоотҳои ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуданд ва корҳои ободониву созандагиҳо идома доранд.

Ҷоизи қайд аст, ки ҲХДТ аз оғози таъсисёбиаш ба масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми оддӣ, ниёзмандон, бонувон, ҷавонон ва афроди ҷомеа эътибори хоса медиҳад. Аз ҷумла, аёдату дидорбинии нафақахўрон, аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ намудани онҳо дар Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ба ҳукми анъана даромадааст.

Аз ин рў, муддати ду моҳи охир роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба 18 шаҳру навоҳии вилоят сафари корӣ анҷом дода, дар баробари ошноӣ пайдо кардан аз шароити кору фаъолияти кумиҷроияҳо аз рўзгору зиндагии собиқадорони ҳизб ва ниёзмандон дидан ба амал оварда, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуд.

Фараҳу шодмониҳои фаровони соли рафта ва солҳои дигар бешубҳа самараи истиқлолияти давлатӣ мебошад, зеро фарорасии Соли нави 2021 моро ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон наздиктар мебарад ва шукўҳу нусрати ин ҷашни муборак ҳар фарди дилогоҳу хештаншиносро ба корҳои ободониву созандагӣ раҳнамун месозад. Воқеан, ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят созандагиву бунёдкорӣ мароми тоза аз худ намудааст.

Барои расидан ба мақсадҳои наҷибу созанда ба ҳамдиёрон барору комёбӣ таманно мекунем. Соли навро ба кулли ҳизбиён, ки шумораашон қариб ба 150 ҳазор нафар расидааст ва ҳамчунин ҳамсафону тамоми сокинони вилоят табрик ва таҳният гуфта, хоҳони онем, ки саломативу комёбӣ ва саодати рўзгор насибашон бошанд.

Соли нав муборак, ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>