Барқро сарфакорона истифода мебарем

Вобаста ба барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти рақами 118 доир ба тавзеҳи муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” бо иштироки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳия диктант гирифта шуд. Мавзӯи кори хаттӣ аз тарафи намояндаи КИ ҲХДТ дар вилоят Мутриба Бобоҷонова шарҳ дода шуда, таъкид гардид, ки вазифаи хонандагон кори хаттии худро ба волидайн нишон дода, дар сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ саҳм гузоштан мебошад. Хонандагони муассиса аз сӯҳбат таасуроти хуб бардошта хушҳолии худро баён намуданд.
Добавить комментарий