Тӯҳфаҳои идона

Дар арафаи соли нави мелодии 2021 дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми вакили Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд Ғафурова Зарринахон ба бошандагони Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Конибодом дастархони идона ороста шуда, ба кӯдакони имконияташон маҳдуд тӯҳфаҳои соли навӣ тақдим карда шуд.
Добавить комментарий