Сӯҳбат аз сарфаи нерӯи барқ

IMG_7020

Сокинони маҳаллаҳои Зардолузор ва Шодиёнаи шаҳри Панҷакент дар чойхонаи мунаққаши “Саёҳат” ҷамъ омаданд. Ин ҷо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода онҳоро бо соли нави милодӣ табрик намуда, дар мавзӯъҳои муҳими рӯз сӯҳбат кард.

         Дар  сӯҳбат сухан аз зарурати истифодаи сарфакоронаи нерӯи  барқ рафта, аз ҷумла таъкид шуд, ки ин  имконият фароҳам меорад, ки таъминот бо барқ мутассил сурат гирифта, барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ имконияти бештар фароҳам оварда шавад. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки ба хотири сарфакорӣ барои гарм кардани хонаҳои сокинони маҳалла, ки асосан дар ҳавлиҳо сукунат доранд, бештар аз бухориҳо истифода намоянд.

          Дар интиҳои сӯҳбат муҳандиси собиқадори барқ, нафақагир Хуршед Сироҷев ва раиси маҳаллаи Зардолузор  Муталиб Қурбонов         аз ҳаммаҳалаҳо даъват ба амал оварданд, ки  дар истифодаи нерӯи барқ ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

          Баъди анҷоми  мулоқот раиси Кумитаи иҷроия дар якчанд ҳавлиҳои сокинони маҳалла бо истифодаи барқ ва бухориҳои бо сӯзишвории сахт коркунанда шинос шуда, ба онҳо лампочкаҳои каммасраф тӯҳфа намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>