Аксияи аёдати солинавӣ

IMG_7064

Арафаи соли нави милодӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода сокини 91 солаи маҳаллаи  Шодиёнаи          шаҳри Панҷакент Исмоилов Саидро аёдат намуда, ба ӯ чун тӯҳфаи солинавӣ маводи хурока тӯҳфа кард.

          Ӯ аз ин боздид  шодмонӣ намуда, ба  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ ба пирон ва эҳтиёҷмандон изҳори миннатдорӣ карда, даст ба дуо бардошта, ба Сарвари давлат ва кулли ҳамватанон саломатӣ ва рӯзгори обод таманно намуд.

          Ҳамин тавр, дар доираи аксияи аёдати солинавӣ раиси Кумитаи иҷроия дар маҳаллаҳои Зардолузор, Шодиёна ва ҷамоати деҳоти  Чинор  ҳашт оилаи  эҳтиёҷманд, аз ҷумла се нафар ятимони кулро аёдат намуда, ба онҳо аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бастаи маводи хурока тӯҳфа намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>