ИДРОРПУЛИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Бо мақсади арҷ гузоштан ба заҳмату талошҳои ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти онҳо дар таҳкими ваҳдату ягонгӣ бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ба муносибати соли нави мелодӣ санаи 30-юми декабри соли равон 5-нафар донишҷӯёну хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо идрорпулии яквақтаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт сарфароз гардиданд.
Дар расми тақдими идрорпулӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода ҷавононро, ки ояндаи миллат аз онҳо вобастагии калон дорад ва дар идомаи таҳсилашон барору комёбӣ таманно намуда, онҳоро ба соли нави 2021 таҳният гуфт.
Сипас донишҷӯи курси сеюми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юнусалиев У миннатдории гирандагони идрорпулиро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ҷавононро дастгирӣ менамоянд ва ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт расонида, ваъда дод, ки минбаъд низ дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятву сиёсӣ иштироки фаъолона намуда, дар рушду нумӯи Тоҷикистон, арҷгузории хизматҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияташонро идома медиҳанд.
Добавить комментарий