АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ…

Аз ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта сар карда, зархаридони ифротӣ чун заҳрпечак ба тани дарахти арзишҳои маънавӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллати мо ба часпидан оғоз намуда буданд. Онҳо пушти сипари исломи ноб панаҳ бурда, ниятҳои хабиси худро амалӣ менамуданд. Ҳуҷуми онҳо аз мағзшӯӣ оғоз гирифт. Тӯҳмату иғво дар ҳаққи ходимони сиёсӣ, сохторҳои давлатӣ, куштори аҳли фарҳанг, илм ва адабиёт, сиёҳ намудани маъракаи пахтачинӣ, изҳори адовати ошкору ниҳонӣ нисбати таълимоти мактаби шӯравӣ, норозигӣ оиди дар як синфхона якҷоя таҳсил намудану писарону духтарон, муаммои рӯймол, зиддияти шадид оиди мактабравии духтарон, муқобилият алайҳи бригадаҳои истеҳсолии мактабӣ ва мамониат бар зидди меҳнати насли наврас дар саҳро қатрае аз баҳри аъмоли нангини онҳост.

Он вақт ин тоифаро ҳама гӯш кардем. Қариб баъзеро дар шумори авлиёҳо гузоштем. Суханашонро аз панду насиҳатҳои падару модар ҳам боло гузошта, ҳалқаи гӯш сохтем. Дасту китфу рӯяшонро бо ҳазор ихлос бӯсида, пеши пояшон таъзим намудем. Ба қавли онҳо бовар намуда, ба фарзандон ҳамвора талқин намудем, ки ба маъракаи пахтачинӣ нараванд, пахтакор пахтаашро бигзор худаш чида гирад, гуфтем. Касеро – олимеро, шоиреро, оқилеро, адиберо, духтуреро, омӯзгореро, ҳофизеро чун ин тоифа бад гуфт, бо онҳо тамаллуқкорона ҳамовоз шуда, шӯру мағал бардоштем. Усули таълими мактаби замони шӯравиро, ки имрӯзҳо мамлакатҳои Англия ва Финландия пурра ба он гузаштаанд, баробари ин кӯрсаводони авомфиреби ба кори худ ҳушёр, баду қафомондаю зарарнок гуфтем. Монеи мактабравии духтарони худ гашта, бо фатвои онҳо ба фотеҳаи барвақтию ба шавҳар додани духтарони ноболиғ роҳ додем. Фарзандонро аз маъракаҳои ҳашар, шанбегӣ, меҳнати муфид, ёрӣ ба деҳқонони саҳро дидаю дониста, барқасдонаю довталабона чапғалат занонидем. Хуллас, ки бо иғвои чанд шайтони одамсурат, душмани ашаддии миллат теша бар решаи худ задем. Ин решаҳои буридаю захмхӯрда ҳанӯз ҳам дард мекунанд. Дарди ҷонкоҳи онҳоро ҳанӯз ҳам дар ҳар қадами рӯзгори худ эҳсос менамоем. Аксарият аз ин аъмоли худ пушаймонем. Вале мегӯянд, ки «мушти баъди ҷанг ба ёдат расидаро ба фарқи сарат зан»…

Уқобе дар фарози осмонҳои нилӣ парвоз менамуд. + аз ғояти баландпарвозӣ ва вусъати болу пари хеш фахр мекард. Гумон менамуд, ки тамоми рӯйи дунё зери пари ӯст. Вақте ӯ масти парвоз ва хаёлҳои ширини худ буд, аз камингоҳ сайёде ҷонибаш тири ҷонсӯз парронд. Тир ба уқоб зад. Аз фарози осмону паҳлӯи абрҳо вай сарозер ба замин омад. Рӯйи хоки сияҳ заду чун моҳӣ тапид. Нигоҳ карда, дар боли хеш тири синашикоф дид. Дурусттар зеҳн монд, ки дар думи тир шаҳпари худаш аз ҷониби сайёд насб шудааст. Бо фарёду шеван иқрор шуд, ки хатогӣ аз худаш сар зада будааст.

Нигоришоти дар зоҳир хайрхоҳонаи Муҳаммадиқболи Садриддин «Шикояти занҳои Исфара: Мардҳо шарм доред, «гинеколог ва акушер» нашавед! -ро дар сомонаи Ислоҳ.нет хондам. Ростӣ ин ҷо кирдори Аҳримани лаин аз достони «Кова ва Заҳҳок» ба хотирам расид. Аҳримани лаин дар ин асар барои ба мақсадҳои нопокаш расидан бори аввал дар сурати марди мӯйсафед, бори дуюм дар сурати ошпаз, ахиран дар сурати табиб падид меояд. Ин ҳиллаҳои ӯ оқибат ҳазорон бадбахтӣ ба бор меорад.

Чӣ беҳаёӣ! Чӣ разилию дурӯягию девию бадӣ! Охир магар шумо манқуртони асолатбохта, ташнагони симу зар, пули муфт, молу мансаб набудед, ки аз охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта сар карда, то солҳои 2015-ум муқобили таҳсили духтарони тоҷик овоз баланд карда, инқирози маънавӣ барпо намуда будед?! Оё ниятҳоятон ғулому хонашину беҳуқуқ намудани занону духтарон набуд?! Акнун бо кадом рӯй, виҷдон, имон, инсоф ҷор мезанед, ки дар беморхонаҳо, хусусан шӯъбаҳои занонаи он, духтурзанҳо намерасанд! Таъсири ин амалҳои шумо то ҳол идома дорад. Имрӯзҳо дари Марказҳои миллии тестӣ ба рӯйи ҳама боз аст. Лекин дар давраи фаъолияти ин марказҳо дили омӯзгорони бечора дар ҷалби духтарҳо ба таҳсил хун мегардад. Кулли волидон ба шавҳар додани духтарро аз хондани ӯ садҳо маротиба афзал мешуморанд. Ин ҷо маълумотеро барои андеша пешкаш менамоям: Дар деҳае, ки қариб 15-мактабаш ба омӯзгори фанни физика ниёз дорад, имсол духтараке ба факултаи физикаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ғайрати худаш дохил шуд. То ҳамин дам дар деҳа аз ҳисоби мардон омӯзгори физика набуд. Баъди дохил шудан шодии духтарро интиҳо набуд. Вале ӯро падараш барои таҳсил иҷозат надод. Аз мардикории кишвари Россия истода, ба духтараш ҳӯшдор дод, ки «агар духтари ман бошӣ, намехонӣ». Магар ин оқибати аъмоли касифу ниятҳои хабиси шумо нест?! Барои ҳамин мегӯянд, дузди зӯр қозиро муттаҳам намудааст!…

Ягон зани равшанфикр мутмаъинам, ки шикояти худро ба пеши хоини миллат намебарад. Шикоятчӣ бояд аввал ному нишонаи худро гӯяд. Барои он намегӯяд, ки ӯ худ косалеси собиқу хабарбару хабаркаши онҳост. Номи занони шарафманди Исфараро барои амалҳои нопоки худ истифода бурдан хатосту зиёда аз ин худобехабарист…

Муддати қариб си сол аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромаду таъкидҳои худ дастур медиҳанд, ки ҳар як мансабдору вазифадори соҳибватан нахуст бояд аз ватандориаш ифтихор намояд, сониян дасту дили пок дошта бошад. Ҳомӣ, муттако, мададгор, дилсӯз, ғамхори мардум бошад. Ба зуҳӯротҳои ришваситонӣ, қаллобӣ, тамаъ, макр, дурӯғ, ҳилла, найранг, сӯйиистоифода аз вазифаю мансаб роҳ надиҳад. Ин таъкидҳои ғамхоронаи Пешвои муаззам бояд чароғи раҳнамои ҳамаи қишрҳои ҷомеа бошад…

Нафси бад балои ҷон аст. Ба қавли устод Рӯдакӣ нахустин шарти оини мардию мардонагӣ он аст, ки ҳар кас бояд аввал султони нафси худ бошад. Яъне нафси саркашро, ки асоси ҳамаи пастию шӯру шар аст, бояд занҷирбанд намуд.

Муомилаи дурушт, алфози нохушоянд нисбати халоиқ аз рӯйи савоб нест. Пешвои муаззам ҳамаи сохторҳоро, ташкилотҳоро, масъулонро пайваста дастур медиҳанд, ки ба мардум, ҳамватанон муносибати неку хайрхоҳонаро шиори фаъолияти ҳамарӯза намоянд. Муомилаи хуб, сухани ширин дар фарҷом обрӯ, номи нек, маҳбубият ва хушбахтӣ дорад. Нони мардум ба ҳамоне чун шири модар ҳалол аст, ки ӯ шабу рӯз дар ғаму ғамхории мардум аст…

Муттаассифона беша бе шағолу дарё бе моҳӣ несту набудааст. Баъзе ашхос бар хилофи таъкидҳои Пешвои муаззам амал намуда, ба номи неки корхона ва кормандони содиқи он иснод меоранд. Онҳо хостаҳои нафсонии худро афзал шуморида, боиси ҳар гуна фитнаю даъво, ришханду нешханди душманони миллат мегарданд. Лекин давидани гӯсола то каҳдон аст. Ношукрро, албатта, нон мезанад. Биёед, ба суди нафс амал намуда, хандахаришу таънашунави Муҳаммадиқболи Садриддин барин хоинон нашавем, то онҳо аз коҳ кӯҳ насозанд. Дар ҳар як коргоҳ, аз ҷумла бемористони Исфара низ, шахсони гуруснаю ҳарис ҳастанд, ки ба номи пуршарафи духтурӣ иснод оварда, кайҳо қасами муқаддаси Гипакратро зери пой намудаанд. Хушбахтона, сафи ин гуна касон хеле кам аст. Онҳо бо кирдори худ сари баланду қаҳрамонии шаборӯзии табибони ҳақиқию ҳозиқро хаму кам месозанд. Ба номи онҳое, ки аз ин пешаи пуршараф соҳиби маҳбубият гаштаанду номашонро халқ дар ҳар маърака ба некӣ ба ёд меорад, доғ меоранд…

Исматуллоҳи Абдуллоҳ узви ИҶТ,   аълочии маориф, фарҳанг ва                                                                                                  матбуоти ҶТ, аъзои фаъоли ҲХДТ директори МТМУ № 25, ш Исфара ҷамоати Чоркӯҳ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>