Ифротгароӣ-падидаи номатлуби ҷомеа

Таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Аз ин рў Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромад ва Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ин нуқтаро қайд мекунанд. Бо гуфти Пешвои миллат: «Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд.

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Бинобар он ҳамаи мо бояд дар якҷоягӣ зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем.

Дар ҳадисе омадааст: «Инсонҳо ба қадри ду неъмати бузург: саломатӣ ва амният, азбаски диданашавандааст, намерасанд».

Ҳамин рўҳияи хурофотпарастии мардуми мо буд, ки душманони миллат аз он моҳирона истифода бурданду, истифода доранд. Умуман терроризм ба ислом ягон иртиботе надошта, ифротгароён мақсадҳои нопоки худро зери номи дини ислом амалӣ карда истодаанд.

Аз ин рў мо қарор додем ифротгароён ва амалҳои нопоки онҳоро аз нуқтаи назари ислом шарҳ диҳем.

Таи чанд соли охир вожаҳои тундравию ифротгароӣ ва амсоли он серистеъмол гардида, нақш ва садои онҳо бештар ба самъу дидаҳо бархӯрд доранд. Ин беҳуда нест, чунки истеъмоли ин вожаҳо дар мавзӯъҳое қарор мегиранд, хело муҳим, мубрам ва ба истилоҳ доғи рӯз гаштаанд. Вожаи тунд дар асл тоҷикӣ буда, ба маънои тез, хашмгин, ғазабнок, ҳарчи, ки аз ҷой барҷаҳад ва ҷаҳанда мебошад (Бурҳони қотеъ, ҷилди 1, саҳифаи 293). Аммо вожаи ифрот арабиасос буда, ба маънои беадолатӣ, зиёдаравӣ, таҷовузи аз ҳад зиёдро мегӯянд (Тарҷумаи Мунҷид, ҷилди 2, саҳифаи 1216). Инро бояд донист, ки ҷониби ифрот тафрит аст ва он ба маънои камравию кӯтоҳӣ истеъмол мегардад. Миёни ифроту тафрит васат вуҷуд дорад, яъне миёнаравӣ дар тамоми корҳо, ки онро хубу шоиста гуфтаанд. Ба фармудаи донишмандону мутафаккирон дар ҳар амре аз умур ва дар ҳар хулқе аз ахлоқ ду тараф ифроту тафрит вуҷуд дорад, аммо ончӣ ҳақ ва боиси саодату сарфарозист ин миёнаравӣ дар ҳамаи ҳолат мебошад, зеро пайғамбар (с) фармудаанд: «Хайрул умури авсатуҳо», Яъне миёнаравӣ дар ҳамаи корҳо хайр аст. Дар ҳадиси дигаре омадааст: Алайкум биннамати авсат. Лозим гиред ба худ миёнаравиро («Тафсири кабир»-и Фахри Розӣ, чилди 2, саҳифаи 84).

Олимону фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ дар асоси далелҳои мӯътамад ва манбаъҳои шаръӣ баъд аз таҳлилу баррасӣ аҳкоми одилонаву сазандаеро содир намудаанд, ки ҳама боиси иттиҳоду пешравӣ ва шоистаи таҳсин аст. Мутаассифона, вақтҳои охир дар миёни мусулмонон гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ва ҷудоихоҳе пайдо шудаанд, ки авзои оламро ноором ва оромишу амниятро халалдор намудаанд. Бехабар ва ё беамал аз амри Худованди мутаъол, ки фармудааст: «Ва чанг бизанед ба ресмони (дини) Худо ҳамагӣ пароканда нашавед…» (Оли Имрон, 103). Пас Худои субҳон мӯъминонро ба чанг задани ҷамъӣ ба ресмони ислом ё Қуръон дастур дода, эшонро аз парокандагӣ, ки пайдоиши он аз ихтилоф дар дин аст манъ менамояд. Албатта ихтилофе, ки аз он манъ шудааст, ихтилоф дар усули дин ва хоким сохтани ҳавоҳо ва амалҳои нафсони ва манфиатҳои шахсӣ аст. аммо ихтилофи иҷтиҳодӣ дар фуруъоти дин накӯҳиш нагардида, балки писандида ва сутуда аст ва аз нишонаҳои осонгирии шариати худои маннон мебошад. Чунон ки ин ҳақиқат аз матни қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ бармеояд (Анвор-ул-Қуръон, ҷилди 1, саҳифаи 457). Абдулло ибни Масъуд нақл кардааст, ки рӯзе пайғамбари Худо (с) барои мо хате кашида гуфтанд: «…ин роҳи худост, сипас аз ҷониби росту чапи он хатҳои дигареро кашида гуфтанд: ин роҳҳоест, ки бар сари ҳар якеи аз он шайтон истодааст ва ба сӯи он роҳ даъват менамояд. Баъд ин ояти каримаро қироат карданд: «Ин аст роҳи рости ман, аз он пайравӣ кунед ва ба роҳҳои гуногун маравед, ки шуморо аз роҳи Худо пароканда месозад. Инҳост ончи Худо шуморо ба он супориш мекунад, шояд парҳезгор шавед». ҳоло бингарем, он гурӯҳҳои мусулмонеро, ки миёни худ ихтилоф варзидаву бо ҳам даргири ҷанганд оё мухолифи ин гуфтаҳои Худову пайғамбараш амал накардаанд? Сарзамини худро ноамну ноором, мавриди ҷангу низоъ, истифодаи ҳаргуна яроқҳои зараровар, таҷовузу ғорат, куштору хунрезӣ ва мардумро ғамбору саргардон кардаву рӯ ба фирор овардаанд. Агар даъвои ҷиҳодро дошта бошанд, пас ҷиҳод бо кӣ ва барои чӣ аст?

Муқоиса намоем, ки ин ҷангу низоъҳое, ки ҳам акнун дар баъзе манотиқи олам ба вижа кишварҳои мусулмоннишин рафта истодааст чи қадар хилоф ба фармудаҳои пайғамбар (с) мебошад. Аксар ҷавононе, ки аз рӯи нодонӣ ба ин доми ҳалокатбор гирифтор шудаанд, шомил шудани онҳо бе ризоияти волидайн, наздикон, аз ҷумла зану фарзандонашон аст. Дар ҳоле, ки падару модар ё фарзандонашон эҳтиёҷ ба кӯмак, дастгирӣ, аз ҳама ниёз ба тарбия доранд. Фаромӯш набояд кард, ки авсофи мазкур вазифаву ӯҳдадориҳои ҳар як фарди мусулмон аст. Дар саҳеҳи Бухорӣ дар боби «Ҷиҳод бо изни волидайн» чунин омадааст: Марде назди Расули Акрам омад ва иҷозаи ҷиҳод карданро хост. Расули Акрам аз ӯ пурсид. Оё падару модарат дар қайди ҳаётанд? Он мард гуфт-Оре. Расули Акрам ба ӯ фармуд:Ҷиҳоди ту дар пеши онҳост. Яъне дар хидмати онҳо бош. (Саҳеҳӣ Бухорӣ, ҳадиси 3004). Дар ҳадиси баъдӣ чунин зикр гардидааст: Пайғамбари Худо мардеро, ки дар як набард номнавис шуда буд, баргардонд ва ба ӯ фармоиш дод, то назди ҳамсараш рафта, бо ӯ сафари ҳаҷ намояд. (Саҳеҳӣ Бухорӣ, ҳадиси 3006). Пас нафароне, ки падару модар, зану фарзандони худро гузошта, шомили ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гаштаанд, ба ҷойи ғамбор сохтану равон гардонидани ашки чашмони падару модар, бояд хидмати онҳоро адо намоянд ва ба дуои неки онҳо шарафёб гашта, дар пайи таъмини нафақа, таълиму тарбияи аҳлу байти худ ва ободию пешравии ҷомеа бошанд. На ин, ки ҷони худро беҳуда ба ҳалокат андозанд, зеро Худованд фармудааст: «Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба Шумо меҳрубон аст» (Нисо, 29). Дар воқеъ худро ба вартаи ҳалокат андохтан гуноҳи бузург аст, ки Худованди таъоло фармудааст:Ва хештанро бо дастҳои худ ба вартаи ҳалокат маяфканед ва накӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо накӯкоронро дӯст медорад» (Бақара, 195). Дар қисмати охири ин оят Худованд бандагони худро ба накӯкорӣ фаро хондааст ва баён намудааст, ки накӯкоронро дӯст медорад. Аммо дар ҷараёни он низоъву даргириҳое, ки вуҷуд дорад, на раҳм асту на шавқат, на эҳсон асту на накӯкорӣ, балки озору азият ва куштору хунрезист, ки ин амалҳо ҳеҷ ба ободию пешравии мусулмонон мусоид намекунанд, баръакс ба харобӣ ва сиёҳсозии мусулмонону доғдорсозии дини мубини ислом оварда мерасонад. ҳол он, ки дини мубини ислом ҳамчун дини насиҳат (Саҳеҳи Бухороӣ, ҳадиси 58) ва одобу ахлоқ дар ҷаҳон маъруф гаштааст.

Албатта, ҳама он амалҳое, ки дар муноқишаҳои бемаврид миёни мусулмонон дар баъзе кишварҳо ҷараён дорад, нишон аз бехабарӣ, ноогоҳӣ, беамалӣ ва ниҳоят бемаърифатӣ аз донишҳои диниву дунявӣ ва инсонпарварӣ аст. Коршиносони умури сиёсӣ пайдоиш ва низоъҳои ин гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоихоҳу ифротгароро нақша ё худ бозиҳои кишварҳои абарқудрате шуморидаанд, ки дар паи ҳадафҳои муғризонаро ҷӯёянд. Таблиғу ташвиқи дурӯғини ин гурӯҳҳо чунон моҳирона роҳандозӣ шудааст, ки ҳатто баъзе занону хоҳаронро ба худ ҷалбу ҷазб кардааст.Дар асл бошад рисолати зан-модар ин ба воя расонидан ва парвариши хуби фарзандон аст, на шомил шудан ба гурӯҳҳои тундрав ва беобрӯ сохтану ба ҳалокат расонидани худ.

Шомил гардидан бархе ҷавонони гумроҳу фиребхӯрда аз ҷумҳурии мо ба ин ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ бо сабабҳои дар боло зикргардида аст, яъне сатҳи ниҳоят пасти маърифати илмию динӣ ва мазҳабии онҳо мебошад. Коршиносону таҳлилгарон ворид гаштани ҷавонони гуногунро аз ҳар гушаи олам ба ин ҳизбу равияҳои ҷангҷӯю ифротгароро масъалаи глобалӣ арзёбӣ карда, дар пайи пешгирӣ ва бартараф кардани он баромада, як қатор андешаву пешниҳодҳоро матраҳ кардаанд.

Умед аст, ки ин масъалаи мушкилу ҳалталаб дар оянда ҳалли худро меёбад ва ҷавонони бо нангу номуси миллати мо ба дарки моҳияти аслии ин масъала сарфаҳм рафта, дар пайи таъмини оромишу амният ва ободию пешравии кишвар камари ҳиммат хоҳанд баст.

Икромов И. – узви фаъоли ҳизб

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>