Ҷавонон ва зуҳуроти номатлуби аср

123

Табиист, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ густариши соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба вуқўъ пайвастанд, ки бевосита аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тоҷикистон дар марҳилаи нави пешрафтҳои замони истиқлолияти давлатӣқарор дорад,ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣҳамчун давлати рў ба тараққаӣ ва орому осоишта пазируфта шудааст.

Новобаста аз пешрафтҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маданӣдар ҷомеаи ҷаҳонии имрўз бархўрдҳои сиёсиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангӣва диниву мазҳабӣ ҳамчун зухуроти муассире дар дигаргуншавии вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон мавқеъ пайдо кардаанд, ки муносибати огоҳона ва созандаи моро нисбат ба ин падидаҳо тақозо дорад. Дар ҷомеаи имрўз эътироф ва эҳтиёти дастовардҳои бузурги замони истиқлолият, ки яке аз ин дастовардҳо сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

Яке аз падидаҳои ниҳоят хавфноки ҷаҳони муосир экстремизм ва терроризм мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд аз оғози фаъолияти ин зуҳуроти номатлуб муқовимати худро ҷиҳати пешгирии он нишон дода,муборизаи беамонро ба роҳ мондааст.

Аммо бархе аз тоҷикони муқимӣ амсоли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев, Мирзои Салимпур ҷавононро ба гурӯҳҳои тундгаро ҷалб менамоянд.

Ҷалби ҷавонон багурўҳҳои экстрамистиву терористӣ,тундраву ифротгаро яке аз масъалаҳои ниҳоят ташвишовар аст, ки мусибат ва хатарҳои мудҳишро дар пай дорад.

Мо ҷавононро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу савияи дониши сиёсиву динӣ ва эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ ҷиддан ва сидқан муносибат намоем.

 

Шаҳрзод Баҳорӣ

аъзои фъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>